Октябр 19, 2017 14:41 Asia/Dushanbe
  • Далоили хусуматварзии Амрико алайҳи Эрон аз дидгоҳи Раҳбари муаззами инқилоб

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар дидори садҳо нафар аз нухбагони ҷавону истеъдодҳои бартари илмӣ, бо ишора ба аҳдофи Амрико аз хусуматварзӣ бо Эрон ба табйини нукоти муҳиме дар ин замина пардохтанд.

Эшон бо ишора ба қатъи комили вобастагии Эрон ба Амрико хотирнишон карданд, душман бо расади таҳаввулоту фаъолиятҳои Ҷумҳурии исломии Эрон, аз табдили Эрон аз “кишваре ақибафтодаву вобаста” ба кишварӣ “асаргузор, мутанаффиз ва бархурдор аз иқтидори рӯзафзуни сиёсӣ, дифоӣ ва илмӣ” комилан асабонӣ ва ба шиддат нигарон аст.

Раҳбари муаззами инқилоб душмании режими Амрико бо миллати Эронро аз ҳамон рӯзҳои аввали пирӯзии инқилоб ёдовар шуданду афзуданд: “Он рӯзҳо на масъалаи энержии ҳастаӣ матраҳ буду на мушаку нуфузи минтақаӣ, аммо амрикоиҳо фаҳмида буданд, ки бо пирӯзии инқилоб Эронро ба унвони кишваре “зердаст, мутеъ ва бисёр пурманфиат” аз даст додаанд.

Раҳбари инқилоб режими бисёр шарури Амрикоро ба таъбири ҳақиқатан дурусти имоми роҳил “шайтони бузург” ва “шайтони акбар” хонданду хотирнишон карданд, низоми Амрико коргузори шабакаи хатарноку хабиси саҳюнизми байналмилал, душмани миллатҳои мустақил ва омили ағлаби ҷангҳо дар минтақаву ҷаҳон аст ва монанди золӯ (зулук) дар садади макидани дору надори миллат‌ҳост.

Нуктаи муҳиме, ки борҳо дар баёноти Раҳбари муаззами инқилоб хотирнишон гардида, зарурати тааммулу тааммуқ дар ин масъала аст, ки иллати аслии душмании Амрико бо Эрон хунсо шудани нақшаҳои Амрико дар минтақа, аз ҷумла дар Сурия, Лубнон ва Ироқ аст, ки сенарияҳои таҷзияталабонаву тафриқаафканонаи Амрико ва Исроилро барҳам задааст.

Амрико талош мекунад то хашму асабонияти худ аз Эронро зери пӯшишҳои иддаоҳои мавҳум ва суханони сахиф дар қолаби мухолифат бо Барҷом иброз кунаду то он ҷое ки метавонад талош мекунад Аврупоро низ бо худ дар мухолифат бо Барҷом ҳамроҳ созад.

 Агарчӣ Иттиҳоди Аврупо дар қазияи Барҷом мавзеи худро дар мухолифат бо Амрико иброз кардааст, аммо Раҳбари муаззами инқилоб дар ин хусус тавсияе ҳам ба аврупоӣ доштанд ва хотирнишон карданд: “Аврупоиҳо бояд муқобили иқдомоти давлати Амрико, аз ҷумла нақзи Барҷом ҳамчун таҳримҳое, ки интизор доранд аз конгресс берун биёяд, биистанду аз ҳамсадоӣ бо амрикоиҳо дар масоиле назири қудрати дифоии Эрон ва ҳузури Эрон дар минтақа бипарҳезанд. Зеро мо мутлақан ҳамовозии аврупоиҳо бо зӯргӯиҳои Амрикоро қабул намекунем”.

Давлатмардони Амрико ногузиранд ин воқеиятро бипазиранд, ки ин бор низ дар бораи Эрони дучори иштибоҳи муҳосиботӣ шудаанд. Он гуна, ки Раҳбари муаззами инқилоб хотирнишон карданд, чунин муҳосиботе танҳо метавонад натиҷаи як “ақибафтодагии зеҳнӣ” бошад, ки тасаввур кунад метавонад Эронро баҳонае барои расидан ба аҳдофи худ қарор диҳад.

Амрико Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро, ки роҳи аҳдофи хатарноки Амрико ва ДИИШ-ро дар минтақа сад кардааст, дар феҳристи гурӯҳҳои террористӣ қарор медиҳад, дар ҳоле ки Алқоидаву ДИИШ-ро Амрико ба вуҷуд овараду ҳимоят кард.

Трамп бо ин гуна иқдомоту мавозеи аблаҳона нишон дод, ки дарки воқеъбинонае аз гузаштаву ҳоли Амрико ва Эрон надорад. Эрон дар замоне, ки Абама мушти оҳанини Амрикоро ба таъбири Раҳбари инқилоб дар дасткаши махмалӣ пинҳон карда буд ва аз тағйир сухан мегуфт, аз шунидани ин алфоз завқзада нашуд, ки имрӯз аз таҳдидҳову лаффозиҳои Трамп дучори ҳарос шавад.