Октябр 25, 2017 15:28 Asia/Dushanbe
  •  Ифтитоҳи бузургтарин маркази тиҷории Эрон дар Русия баъд аз як қарн таътилӣ

Бузургтарин маркази тиҷорати Эрон дар Астрахани Русия бо номи “Сарои тиҷории эрониён” ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, 14 утоқи бозаргонӣ аз устонҳои мухталифи Эрон дар заминаҳои тиҷорӣ ва бозаргонӣ дар ин марказ фаъолият мекунанд.

Ин марказ пас аз як сад сол таътилии маркази қаблии тиҷории Эрон дар Астрахан кушоиш ёфт.

 Сарои тиҷории эрониён, ки таърихи 200 сола дошт, баъд аз инқилоби 1917-и Русия таътил шуда буд.

Ин марказ дар фазои ҷадиде ба масоҳати як ҳазор метри мураббаъ ва дар ду табақа бо дафтарҳои ихтисосии 14 утоқи бозаргонии Эрон ва як дафтари намояндагии Созмони минтақаи озоди Анзалӣ шурӯъ ба кор кард то маркази муносибе барои фаъолияти тоҷирон ва бозаргонони Эрон дар бозори Русия бошад.

 Ин сарои тиҷорӣ дар тавсеаи муровидоти эрониён бо фаъолони иқтисодии Русия ба ифои нақш хоҳад пардохт. Ба ин маънӣ ки илова бар Астрахан, талош хоҳад шуд муровидот бо дигар ҷумҳуриҳои ин кишвар бо меҳварияти ин марказ анҷом шавад.

Барчасп