Вуруди ду миллион зоири “Арбаини Ҳусайнӣ” (а) аз марзҳои сегонаи Эрон ба Ироқ
(last modified 2017-11-06T06:34:15+00:00 )
Ноябр 06, 2017 11:34 Asia/Dushanbe
  • Вуруди ду миллион зоири “Арбаини Ҳусайнӣ” (а) аз марзҳои сегонаи Эрон ба Ироқ

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ироқ гуфт, то асри якшанбе ду миллион зоири “Арбаини Ҳусайнӣ” (а) аз марзҳои сегонаи Эрон вориди Ироқ шудаанд.

Эраҷи Масҷидӣ, сафири Эрон дар Ироқ дар ҳошияи боздид аз ҳайатҳои пазироӣ ва поёнаи марзии Шаламча, ҷануби ғарби Эрон, дар гуфтугӯ бо хабарнигорон изҳор дошт, бо таваҷҷуҳ ба идомаи ҳаракати зоирон то рӯзи “Арбаини Ҳусайнӣ” (а) дар чанд рӯзи оянда 300 то 400 ҳазор зоири дигар барои ширкат дар маросими “Арбаини Ҳусайнӣ” ба Ироқ мераванд.

Масҷидӣ изҳор дошт, бо иқдомоти густурда дар се гузаргоҳи марзии Шаламча, Чазоба ва Меҳрон ва бо иқдоми муштараки Эрон ва Ироқ дар мавзӯи амният, суҳулати тараддуд ва назму инзибот мушкиле гузориш нашудааст.

Сафири Эрон дар Ироқ гуфт, аз назари амниятӣ ҳам мушкили хосе дар масири тараддуди зоирон рух надодааст ва фақат дар як маврид як мошин дар масир вожгун шуд ва се нафар ҷон бохтанд ва 16 масдум бар ҷой гузошт.

Сафири Эрон дар Ироқ изҳор дошт, давлати Ироқ шароитҳои лозимро барои бозгашти зоирон ба Эрон, аз се марз пешбинӣ карда ва барои бозгашти зоирон аз хоки Ироқ ба марзҳои Шаламча, Чазоба ва Меҳрон суҳулати тараддуд фароҳам шудааст.

Сафири Эрон дар Ироқ ҳамчунин гуфт, дар соли ҷорӣ барномарезии “Арбаини Ҳусайнӣ” ва зиёрати зоирони эронӣ бо барномарезии муносибтаре ҳамроҳ буда ва то кунун мушкиле дар заминаи тараддуди зоирон мушоҳида нашудааст.

 

Барчасп