Ноябр 08, 2017 21:59 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Амрико ва режими саҳюнистӣ ҳамвора бадхоҳи миллатҳои минтақа будаанд

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Амрико ва режими саҳюнистӣ ҳамвора бадхоҳи миллатҳои минтақа будаанд ва барои ҳузур ва султаи худ дар минтақа баҳонатарошӣ кардаанд, то нафту сарвати минтақаро ғорат кунанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҷаласаи ҳайъати давлат афзуд: Қудратҳои бузургу ғарбӣ ҳамвора ба дунболи эҷоди шикофу ихтилоф дар байни миллатҳову кишварҳои минтақа будаанд ва умедворам, ҳокимони бархе аз кишварҳои минтақа низ бо дарки ин воқеият, дар масири ваҳдат ва ҳамгароии миллатҳои минтақа қарор бигиранд .

Раисҷумҳури Эрон гуфт: Давлати Амрико маҳорати хосе дар ғорати кишварҳои минтақа ба вижа Арабистон дорад, то бо фурӯши таслеҳоти мухталиф, шуълаи оташро ҳамчунон дар минтақа равшан нигаҳ дорад .

Вай ба душмании Арабистон бо миллатҳои минтақа аз ҷумла Ироқ, Сурия ва Яман ишора карду афзуд: Ҷумҳурии исломии Эрон ҷуз хайрхоҳӣ нияти дигаре барои миллатҳои минтақа надорад ва хости Эрон дар минтақа, сулҳ, амният, субот ва тавсеа барои Яман, Ироқ, Сурия ва ҳатто Арабистон аст .

Раисҷумҳури Эрон, хитоб ба масъулони Арабистон гуфт: Агар фикр мекунед, Эрон дӯсти шумо нест ва Амрикову режими саҳюнистӣ дӯсти шумо ҳастанд, чунин тафаккуре хатои роҳбурдӣ ва муҳосиботӣ аст .

Рӯҳонӣ ҳамчунин ибрози умедворӣ кард: Ҳокимони Арабистон аз душманӣ бо миллатҳои минтақа даст бардоранд ва масири дӯстиро интихоб кунанд .

 

Барчасп