Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Саудиҳо ба дунболи нооромӣ ва ошӯб дар Лубнон ҳастанд
(last modified 2017-11-10T12:13:05+00:00 )
Ноябр 10, 2017 17:13 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Саудиҳо ба дунболи нооромӣ ва ошӯб дар Лубнон ҳастанд

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, истеъфои Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири Лубнон дар Риёз нишондиҳандаи дахолати ошкори Арабистон дар умури дохилии Лубнон аст.

Оятуллоҳ Аҳмад Хотамӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон Лубнони ноором, буҳронзада ва ошӯбзадаро хости Арабистони Саудӣ донист. Ӯ тасреҳ кард, режими Саудӣ, ки дар ҳама ҷиноятҳо, аз ҷумла дар Ироқ, Сурия, Яман ва Лубнон нақши пурранг дорад, акнун бо фаро хондани нахуствазири Лубнон, бо додани матни аз пеш омодашуда ва иҷбори ӯ ба истеъфо дахолати сареҳе дар умури дохилии Лубнон анҷом медиҳад. Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон таҳаввулоти ахир дар Арабистон ва боздошти шоҳзодагони Саудиро ҳам намоишӣ баршумурда гуфт, изҳороту таҳдидҳои зиддиэронии Муҳаммад бини Салмон, валиаҳди тоза ба давронрасидаи Саудӣ агар амалӣ шавад, бо посуху силлии муҳками миллати Эрон рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Оятуллоҳ Аҳмад Хотамӣ ҳамчунин бо ишора ба хунсо шудани тавтеаи эҷоди «Исроили ҷадид» дар минтақа бо шикасти ҳамапурсии ҷудоӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ афзуд, масъулони Курдистони Ироқ таҷрибаи талху шикастхӯрдаи қаблро такрор накунанд ва бо давлату миллати якпорчаи Ироқ ҳамроҳ шаванд. Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо қадрдонӣ аз ҳукумат, артишу нерӯҳои мардумии Ироқу Сурия дар шикасти гурӯҳи террористӣ ва ҷинояткори ДИИШ дар минтақа тасреҳ кард, шикасти ДИИШ дар ҳолест, ки Ғарб, бавижа Амрико бо эҷоди эътилофи намоишӣ зидди ДИИШ фақат ба дунболи ҳифзи ин гурӯҳи террористӣ ва мудирияти он дар минтақа буд. Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин роҳпаймоии бузурги “Арбаини ҳусайнӣ” (а)-ро ҳамосаи бузурги фародинӣ, мазҳабӣ, қавмӣ ва кишварӣ дониста, аз миллату Ҳукумати Ироқ ба иллати пазироӣ аз зоирони Абоабдуллоҳ Алҳусейн (а) қадрдонӣ кард.