Зариф: Эрон, Русия ва Туркия мусаммам ба ҳифзи субот ва амнияти пойдор дар Сурия ҳастанд
(last modified 2017-11-19T12:52:51+00:00 )
Ноябр 19, 2017 17:52 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Эрон, Русия ва Туркия мусаммам ба ҳифзи субот ва амнияти пойдор дар Сурия ҳастанд

Вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Эрон, Туркия ва Русия, кишварҳои зомини раванди Остона дар пойтахти Қазоқистон омода ҳастанд, то заминаҳои сулҳ, субот ва амнияти пойдорро дар Сурия барқарор кунанд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон шанбе шаб дар садри ҳайъате барои ширкат дар Нишасти сеҷонибаи вазирони умури хориҷаи Эрон, Русия ва Туркия, кишварҳои зомини оташбас дар Сурия, вориди шаҳри Анталияи Туркия шуд .

Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи якшанбе пеш аз оғози Нишасти сеҷонибаи кишварҳои зомини оташбас дар Сурия ва дар шаҳри Анталия афзуд: Иқдомоти ёздаҳ моҳи гузашта дар музокироти Остона сабаб шуд, то даргириҳо дар Сурия коҳиши зиёде пайдо кунад .

Вазири умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард: Дар паи ҳамкориҳои минтақаӣ, хисороти инсонӣ ба мардуми Сурия коҳиш ёфт ва давлати Сурия ва нерӯҳои муқовимат ҳам бо тавонмандиҳои худ бар мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ мутамарказ шуданд .

Зариф хотирнишон кард: Раисони ҷумҳурии исломии Эрон, Русия ва Туркия тасмим гирифтанд, рӯзи чаҳоршанбе (22 ноябр) бо ҳадафи пешбурди равишҳое, ки битавонад бо иҷмои мардуми Сурия, ояндаи беҳтареро бо ҳамроҳӣ ва ҳамоҳангӣ барои ваҳдати миллӣ фароҳам кунад, нишасте дар шаҳри Сочии Русия баргузор кунанд .

Нишасти вазирони умури хориҷаи Эрон, Русия ва Туркия якшанбе барои ройзанӣ дар бораи буҳрони Сурия дар шаҳри Анталияи дар ҷануби Туркия баргузор шуд .

Токунун ҳафт даври музокироти сатҳи олӣ дар Остона бо ҳузури ҳайъатҳои давлати Сурия, муоризони мусаллаҳи пазирандаи паймони оташбаси фарогир ва кишварҳои Эрон, Русия ва Туркия ба унвони тазминкунандагони сулҳ дар Сурия баргузор шудааст.

 

Барчасп