Ноябр 19, 2017 22:23 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Зариф бар таваққуфи ҷангафрӯзӣ ва талош барои эҷоди субот дар минтақа

Вазири хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Бархе кишварҳои минтақа ба ҷои ҷангафрӯзӣ беҳтар аст, барои сулҳу субот талош кунанд.

Муҳаммадҷаводи Зариф пас аз Нишасти сеҷонибаи вазирони хориҷаи кишварҳои зомини оташбаси Сурия дар шаҳри Анталия афзуд: Ин нишаст натоиҷи муфиде, барои дастовардҳои раванди Остонаи пойтахти Қазоқистон бо ҳадафи муқобила бо терроризм ва бозгашти оромишу субот дар Сурия хоҳад дошт .

Вазири хориҷаи Эрон, бо баёни инки агар кишварҳои минтақа ба ин натиҷа барисанд, ки ба ҷои сиёсатҳои ғалат ба ҳамкорӣ рӯй биоваранд, шоҳиди натоиҷи муваффақиятомезе хоҳанд буд, хотирнишон кард: Мутаассифона кишварҳое монанди Арабистон бештар ба дунболи тафриқаву ихтилофафканӣ ҳастанд ва ба ҳамин далел натиҷае ба ҷуз ихтилоф намебинанд .

Зариф тасреҳ кард: Дар сурате, ки Арабистон равиши худро иваз кунад, он кишвар ҳам метавонад ба ҷои ҷангафрӯзӣ дар сулҳи минтақа шарик бошад .

Вазири хориҷаи Эрон ҳамчунин пеш аз оғози Нишасти сеҷонибаи кишварҳои зомини оташбас дар Сурия бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дидор ва дар бораи охирин таҳаввулоти Сурия ройзанӣ кард .

Нишасти вазирони хориҷаи Эрон, Русия ва Туркия, кишварҳои зомини оташбас дар Сурия, рӯзи якшанбе бо ҳадафи ройзанӣ дар бораи буҳрони Сурия дар шаҳри Анталия, ҷануби Туркия баргузор шуд .

 

Барчасп