Қадрдонии ниҳоди вобаста ба аҳли суннати Ироқ аз нақши Эрон дар ҷанги зидди ДИИШ
(last modified 2017-11-27T16:56:55+00:00 )
Ноябр 27, 2017 21:56 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии ниҳоди вобаста ба аҳли суннати Ироқ аз нақши Эрон дар ҷанги зидди ДИИШ

Шӯрои уламои пайванди Муҳаммадӣ (с), аз ниҳодҳои барҷастаи динии аҳли суннати Ироқ дар номае хитоб ба раҳбари инқилоби исломӣ аз нақшу ҳимоятҳои ҷумҳурии исломии Эрон аз Ироқ дар ҷанг алайҳи ДИИШ қадрдонӣ кард.

Ба нақл аз Ирно, Саид Баҳҷат Абдулқодир Алҳасанӣ Алавсӣ, раиси ин шӯро дар номае хитоб ба раҳбари инқилоб исломӣ навишт: Мавзеи торихии шумо (дар ҷанг бо ДИИШ) таъсири шигирфе дар виҷдони мардуми Ироқ дошт ва шумо бо такя бар ваҳдати ақоиду сарнавишти воҳид фурсате барои ҳамкорӣ ва муҳаббат ва тарҳе барои дӯстии байни ду миллати Эрону Ироқ рехтед .

Ин рӯҳонии аҳли суннати Ироқ аз Алқоида ва ДИИШ ва зермаҷмуаҳои ин гурӯҳҳои террористӣ ба унвони “Шаҷараи хабиса” ёд карда ва афзудааст, ки ҳимоятҳои моддӣ ва маънавии ҷумҳурии исломии Эрон–чи расмӣ ва чи мардумӣ–аз артиш, нерӯҳои амниятӣ ва басиҷи мардумии Ироқ дар ин ҷанги сарнавиштсози зидди нерӯҳои шар, нақши муассире дошт .

Абдуқодир Алавсӣ, раиси Шӯрои уламои пайванди Муҳаммадӣ (с)-и Ироқ аз аҳолии устони Аланбор ва яке аз рӯҳониёни барҷастаи аҳли суннати ироқӣ аст, ки ба мухолифати сареҳ бо ДИИШ ва ҷарёнҳои такфирӣ шуҳрат дорад ва токунун аз чанд амалиёти нофарҷоми террористӣ ҷони солим ба дар бурдааст .

Нахуствазири Ироқ сешанбеи гузашта як рӯз баъд аз номаи расмии сардор Қосими Сулаймонӣ ба раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва эъломи поёни ҳукумати худхондаи ДИИШ дар Ироқу Сурия, ба таври расмӣ эълом кард, ки ДИИШ аз ҳайси низомӣ дар Ироқ поён ёфтааст .