Оғози Ҳамоиши байналмилалии Қуръон ва улуми инсонӣ бо интишори баёноти раҳбари муаззами инқилоб
(last modified 2017-11-30T12:39:05+00:00 )
Ноябр 30, 2017 17:39 Asia/Dushanbe
  • Оғози Ҳамоиши байналмилалии Қуръон ва улуми инсонӣ бо интишори баёноти раҳбари муаззами инқилоб

Ҳамоиши байналмилалии Қуръон ва улуми инсонӣ бо ҳузури ҷамъе аз талабаҳо, устодон ва Қуръон пажӯҳоне аз миллатҳои мухталифи ҷаҳон имрӯз (панҷшанбе) дар Қум (ҷануби Теҳрон), оғоз шуд.

Дар ин ҳамоиш баёноти Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидори дастандаркорони ин ҳамоиш, ки дар таърихи 22 майи 2017 (хурдоди 1396 шамсӣ) баргузор шуда буд, мунташир шуд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин баёнот, руҷуъ ба Қуръони карим ва посух ёфтан барои масоили гуногуни фикрӣ, амалӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла мавзуи муҳимми улуми инсониро бисёр зарурӣ хонданд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо ишора ба собиқаи тӯлонии мутолиа ва наққодӣ дар бархе шохаҳои улуми инсонӣ, хотирнишон карданд, пешниёзи вуруд ба улуми инсонӣ ва ҷудо кардани он аз решаҳои ғайри динӣ ё зиддидинӣ ва иттисол ба маншаи қуръонӣ ва ваҳёнӣ, тасаллути комил бар корҳо ва пешрафтҳои анҷомшуда дар ҷаҳон аст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бар анҷоми пажӯҳишҳои илмӣ ва таҳқиқоти гурӯҳии бо кайфият таъкид карданд ва ҳамкории марокиз ва гурӯҳҳои мухталиферо, ки дар мавзӯи ҳидояти улуми инсонӣ ба сӯи омӯзаҳои исломӣ дар ҳоли таҳқиқ ва фаъолият ҳастанд, зарурӣ хонданд.