Таъкиди Зариф бар зарурати таваҷҷуҳ ба падидаи ДИИШ дар Афғонистон
Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Эрон дар иҷлоси “Қалби Осиё” дар Боку бар зарурати таваҷҷуҳ ба падидаи ДИИШ дар Афғонистон, ки дар ҳоли густариш аст, таъкид дорад.
Муҳаммадҷаводи Зариф имрӯз дар ҳошияи баргузории ҳафтумин иҷлоси “Кишварҳои қалби Осиё - раванди Истанбул” дар Боку, пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҷамъи хабарнигорон афзуд, ин иҷлос талоше барои таъмини манофеи муштарак ва ҳамкории кишварҳои минтақа барои барқарории амният ва тавсеаи иқтисодӣ дар Афғонистон аст. Вазири умури хориҷии Эрон тасреҳ кард, барои Ҷумҳурии Исломии Эрон мавзӯи моликият ва раҳбарии давлати Афғонистон дар ҳама талошҳо, аз ҷумла эҷоди сулҳу субот дар ин кишвар муҳим аст. Зариф бар зарурати мубориза бо терроризм бо раҳбарии давлати Афғонистон ва зарурати ҳамкории байналмилалӣ барои мубориза бо маводи мухаддир таъкид кард.
Вазири умури хориҷии Эрон дар бораи дидори рӯзи панҷшанбеи худ бо Федерико Мугарини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар Рум, пойтахти Италия ҳам гуфт, дар ин дидор дар бораи музокироти сулҳи Сурия ва нишасти Сочи гуфтугӯ шуд ва Мугарини дар ҷараёни сиёсатҳои хатарноки Арабистон Саудӣ дар Яман қарор гирифт. Раиси дастгоҳи дипломатии Эрон ҳамчунин тасреҳ кард, дидору гуфтугӯи хубе бо Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон анҷом шуд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин дидор дар заминаи ҳамкорӣ дар баҳри Хазар, ҳавзаи энержӣ ва ҳамкории сеҷонибаи Эрон, Русия, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва ҳамкории сеҷониба бо Туркия дар бораи густариши ҳамкорӣ дар ҳавзаи транзит ройзанӣ шуд.
Ҳафтумин иҷлоси “Кишварҳои қалби Осиё - раванди Истанбул” субҳи рӯзи ҷумъа бо меҳварияти тақвияти амнияту равобит дар Афғонистон дар Боку оғоз ба кор кард.