Муаррифии генерал Сулаймонӣ ба унвони муваффақтарин фармондеҳи Неруҳои мусаллаҳи Эрон
Декабр 03, 2017 16:18 Asia/Dushanbe
Фармондеҳи неруи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ба унвони муваффақтарин фармондеҳи неруҳои мусаллаҳи Эрон, муаррифӣ шуд.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, дар ҳаштумин ҷашнвораи “Молики Аштар”, ки имрӯз (якшанбе) ба манзури қадрдонӣ аз ягонҳо ва фармондеҳони бартари нерӯҳои мусаллаҳи Эрон баргузор шуд, нерӯи Қудси сипоҳ ҳам ба унвони бартарин нерӯ интихоб шуд.
Ҳадаф аз баргузарии ҷашнвораи “Молики Аштар”, тавсеъаи фарҳанги шоистасолорӣ бо шиносоӣ, муаррифӣ ва қадрдонӣ аз созмонҳо, неруҳо ва ягонҳои муваффақи неруҳои мусаллаҳ аст.
Муаррифии генерал Сулаймонӣ ба унвони муваффақтарин фармондеҳи Неруҳои мусаллаҳи Эрон