Декабр 03, 2017 17:14 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи муаззами кулли қуво: Тақвияти нерӯҳои мусаллаҳ осебнопазирии миллатро ҳифз мекунад

Фармондеҳи муаззами кулли қувои Эрон, бо ишора ба хусуматҳои тамомношудании душманон бо миллат ва низоми исломӣ, мувоҷиҳа бо ин муоризаҳоро дар гарави истодагӣ ва тақвияти рӯзафзуни тавоноиҳои нерӯҳои мусаллаҳ хонданд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори фармондеҳони аршади нерӯҳои мусаллаҳ ва баргузидагони Ҷашнвораи Молики Аштар таъкид карданд: Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба беҳтарин нерӯи инсонӣ аз лиҳози фикрӣ, амалӣ, азм ва ирода эҳтиёҷ доранд, то битавонанд осебнопазирии миллатро дар муқобили душманиҳо ҳифз кунанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, бо ибрози хурсанди аз умқбахшидан ба ҳаракати пешравндаи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар бахш нерӯи инсонӣ бо баргузории Ҷашнвораи Молики Аштар афзуданд: Лозимаи пешгомӣ дар муваффақиятҳо, истимрори ҳаракати рӯ ба ҷилав ва бидуни таваққуф аст, бинобарин бояд дар ҳар бахш, ки масъулият ва вазифае бар уҳда доред, бевақфа ва мустамар кор ва талош кунед.

Фармондеҳи муаззами кулли қуво, номгузории ҷашнвора ба номи Молики Аштар аз фармондеҳон ва ёрони амиралмуъминин Алӣ (а)-ро омӯзанда тавсиф карданд ва гуфтанд: Молики Аштар дар басират ва шинохти сироти мустақим, азми росих, эҳсоси масъулият ва омодагӣ барои муҷоҳидат, шуҷоат ва қудрати фармондеҳӣ ва дар айни ҳол дар маънавият, ибодат, тақво ва тавозуъ барҷаста ва улгуст ва фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳи Эрон бояд беш аз дигарон, ин ҳолот ва рӯҳиёти олиро дар худ тақвият кунанд.

Пеш аз суханони Фармондеҳи муаззами кулли қуво, генерал Муҳаммад Боқир, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон бо табрики пирӯзиҳои роҳбурдии ҷибҳаи муқовамат гуфт: Дар ҳаштумин Ҷашнвораи маркази Молики Аштар, 52 нафар аз фармондеҳон ва масъулони муваффақи нерӯҳои мусаллаҳ муаррифӣ ва тақдир шуданд.

 

Барчасп