Август 20, 2016 10:01 Asia/Dushanbe
  • Нахустин тилои олимпии Эрон дар гуштии озод пас аз 16 сол

Тими миллии гуштии озоди Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз 16 сол медали тиллои олимпиадаро ба даст овард.

Дар идомаи рақобатҳои гуштии озоди Бозиҳои олимпӣ – 2016 дар Рио бомдоди имрӯз  Ҳасани Яздонӣ, гуштигири эронӣ дар вазни 74 килограм бо пирӯзӣ дар муқобили гуштигири рус баъд аз 16 соли гуштии озод Эронро соҳиби медали тиллои олимпиада кард. Ҳасани Яздонӣ пеш аз дидори ниҳоӣ ҳайате аз ҳарифонашро аз  Туркия ва Қазоқистон бидуни аз даст додани ҳатто як имтиёз шикаст дода буд.

Намояндаи Эрон дар дидори ниҳоӣ барои касби медали тилло бо Анвар Гадиев аз Русия ба қувваозмоӣ пардохт, ки бо натиҷаи 6 бар 6, вале ба далели касби охирин имтиёз ба бартарӣ даст ёфта, қаҳрамон шуд. Ҳамчунин бомдоди имрӯз Ҳасани Раҳимӣ, намояндаи Эрон дар гуштии озод дар вазни 57 кило дар дидор бо Юлис Буна аз Куба бо бартарии нуҳ бар сифр ва зарбаи фаннӣ дидани ҳарифаш ба медали биринҷӣ даст ёфт.

Охирин медали тиллои олимпиадаи Эронро Алиризо Дабир дар олимпиадаи Сидней касб карда буд.