Зодрӯзи фахри коинот, ҳазрати Муҳаммад (с) ва милоди Имом Содиқ (а) фархунда бод!
(last modified 2017-12-05T15:06:50+00:00 )
Декабр 05, 2017 20:06 Asia/Dushanbe

Чаҳоршанбе, 17-уми рабеулаввал, шашуми декабр солрӯзи милоди босаодати охирин Паёмбари илоҳӣ, ҳазрати хатми мартабат Муҳаммади Мустафо (с) ва ҳазрати Имом Ҷаъфари Содиқ (а), аз набераҳои гиромии эшон аст.

Мардуми манотиқи мухталифи Эрон, шиа ва суннӣ бо зиннат додани масоҷид, хонаҳо, кӯчаҳо ва мағозаҳо бо парчаму чароғҳои рангоранг ва барпоии маросим, пахши нуқлу ширинӣ солрӯзи вилодати босаодати охирин Паёмбари илоҳӣ, ҳазрати Муҳаммад (с)-ро ҷашн гирифтанд. Мушорикати мусалмонони шиа ва суннӣ дар Эрон дар ҷашни милоди Расули акрам (с) ва Имом Содиқ (а) ҷилваҳои зебоию ҳамдилӣ ва ҳамбастагии уммати Исломро ба намоиш гузоштааст.

Рӯзи милоди Паёмбари гиромии Ислом (с), ба ривояти аҳли тасаннун, 12-уми рабеулаввал аст ва шиаён бошанд, 17-уми рабеулаввалро солрӯзи вилодати эшон медонанд. Аз ин рӯ, бо ибтикори ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон аз 12-ум то 17-уми рабеулаввал, солрӯзи вилодати ҳазрати Расули акрам (с) ба унвони Ҳафтаи ваҳдат номгузорӣ шудааст.

“Садои Хуросон” фаро расидани зодрӯзи Паёмбари гиромии Ислом (с) ва Имом Ҷаъфари Содиқ (а)-ро ба ҳама мусалмонони ҷаҳон табрик мегӯяд.