Декабр 09, 2017 14:35 Asia/Dushanbe
  • Иқдоми Амрико дар бораи Қудс машруиятбахшӣ ба ишғолгарӣ аст

Намояндаи доими ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони милали муттаҳид таъкид кард, иқдоми раисҷумҳури Амрико дар муаррифии Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ, талош барои машруиятбахшӣ ба ишғолгарӣ аст.

Ғуломалии Хушру дар Нишасти маҷмаи умумии Созмони милал бо мавзуи “Фарҳанги сулҳ”, ишғоли Фаластинро решаи тамоми буҳронҳои минтақа донист ва бо маҳкум кардани иқдом Трамп, онро нақзи ошкори қатъномаҳои байналмилалӣ хонд .

Ӯ ин тасмими Трампро нишондиҳандаи сиёсатҳои мунофиқонаи Амрико дар хусуси сулҳу субот дар Ховари Миёна донисту хотирнишон кард: Ҷомеаи байналмилал,  Амрико ва режими саҳюнистиро масъули ҳамаи авоқиби хатарноки ин иқдоми ғайримасъулона ва ғайриқонунӣ медонад .

Ба гуфтаи Хушру, ин иқдом бетаваҷҷуҳии Амрико ба усули асосии ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи мардуми Фаластин дар ростои ҳимоят аз режим саҳюнистӣ аст .

Трамп рӯзи чаҳоршанбе бо вуҷуди мухолифатҳои густардаи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ эълом кард: Амрико Қудсро ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ба расмият мешиносад .

Эрон аз нахустин кишварҳое буд, ки ин иқдоми раисҷумҳури Амрикоро маҳкум кард.

Бисёре аз кишварҳову созмонҳои байналмилалӣ ҳам ин иқдоми Трампро маҳкум карданд .

Байтулмуқаддас аз соли 1967 дар ишғоли Исроил аст .