Декабр 10, 2017 17:39 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Тасмими нодурусти Трамп, рехтани бензин дар оташи минтақа буд

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Тасмими ахири раисҷумҳури Амрико барои интиқоли сафоратхонаи ин кишвар ба Қудси ‌шариф, тасмиме нодуруст ва бензине буд, ки дар оташи минтақа рехта шуд.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар дидори Борис Ҷонсон, вазири умури хориҷаи Англия дар Теҳрон, афзуд: Ҷумҳурии исломии Эрон бадунболи барқарории сулҳу суботи ‌пойдор, поён ёфтани ҷангу хунрезӣ ва решакан шудани терроризм дар минтақа аст ва гуфтугӯи Лондон бо Теҳрон метавонад ба ҳамкорӣ барои суботи бештар дар минтақа мунҷар шавад .

Раисҷумҳури Эрон тасреҳ кард: Эрон бо нақшофаринии созандаи худ, ду кишвари минтақаро аз нобудӣ ва терроризм наҷот додааст ва ҳечкас наметавонад тардиде дар иқдомоти мусбати Эрон дар минтақа дошта бошад .

Раисҷумҳури Эрон бо ишора ба лузуми густариши равобиту ҳамкориҳои бонкии Эрону Англия дар чорчуби иҷрои БАРҶОМ, хотирнишон кард: Иҷро ва ҳифзи БАРҶОМ дорои аҳаммият буда ва ҳама бавижа миллати Эрон бояд битавонанд аз манофеи БАРҶОМ истифода кунанд .

Борис Ҷонсон, вазири умури хориҷаи Англия низ дар ин дидор бо баёни инки имрӯз ба воситаи БАРҶОМ, фурсатҳои хубе барои тавсеаи равобит ва ҳамкориҳои Теҳрону Лондон фароҳам шудааст, гуфт: Кишвараш мусаммам ба густариши ҳамаҷонибаи муносибот бо Эрон дар бахшҳои мухталиф аст .

Вазири умури хориҷаи Англия ҳамчунин бо баёни инки Эрон иқдомоти мусбате дар масири мубориза бо терроризм ва тавсеаи сулҳу субот дар минтақа анҷом додааст, гуфт: Лондон тасмими раисҷумҳури Амрико барои интиқоли сафорати кишвараш ба Қудсро иқдоми муносибе наме‌‌донад .

 

Барчасп