Декабр 17, 2017 18:23 Asia/Dushanbe
  • Таҷаммуи донишҷӯёни Машҳад дар ҳимоят аз Қудс

Донишҷӯёни Машҳад, шимоли шарқи Эрон, дар эътироз ба ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ нисбат ба мардуми мазлуми Фаластин таҷаммуи эътирозомез баргузор карданд.

Донишҷӯёни муътаризи Машҳад, ки парчами Фаластин ва аксҳое аз Саид Ҳасани Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ва шуҳадои Фаластинро дар даст доштанд, бо сар додани шиорҳои марг бар Амрико, марг бар Исроил ва Аллоҳу Акбар, ҳимояти худро аз интифозаи мардуми Фаластин зидди ишғолгарони қиблаи нахусти мусулмонон ба намоиш гузоштанд .

Ба гуфтаи Имоди Кошонӣ, масъули басиҷи донишҷӯии Донишгоҳи Озоди Машҳад, таҷаммуи донишҷӯён бо ҳадафи ҳимоят аз мардуми Фаластин ва муқовимати исломии минтақа ва низ дархости муҳокимаи сарони ДИИШ ва ҳомиёни онон дар додгоҳҳои байналмилалӣ барпо шудааст .

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шашуми декабри гузашта Қудсро ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ эълом кард. Иқдоме, ки бо мухолифату вокунишҳои густардаи мардумӣ, сарони кишварҳо ва маҷомеи байналмилалӣ рӯ ба рӯ шуд .

Шаҳри Қудс, ки Масҷидулақсо нахустин қиблаи мусулмононро дар худ ҷо дода, бахши лоянфаки Фаластин буда ва аз муҳимтарин амокини сегонаи муқаддаси исломӣ ба шумор меояд ва аз ҷойгоҳу аҳаммияти вижае назди мусулмонон бархурдор аст .

 

Барчасп