Равшангарии хатиби намози ҷумъаи Теҳрон дар бораи моҳияти "шиаи Лондоннишин"
Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон ва узви ҳайати раисаи Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ гуфт: "Шиаи Лондоннишин, ки аз сӯйи Англия тарроҳӣ ва ҳимоят шудааст, ба дунболи эҷоди тафриқа байни аҳли ташайюъ ва тасаннун аст".
Ба гузориши ИРНА, оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ шанбешаб дар Шаҳри Курд, дар ғарби Эрон, ба ташреҳи моҳияти ҷараёнҳои зидди инқилоби исломӣ, ки аз сӯйи бегонагон ҳимоят мешаванд ва ҳадафшон тафриқаафканӣ миёни мусулмонон аст, пардохт.
Оятуллоҳ Хотамӣ яке аз ин ҷараёнҳои зиддиинқилобро "Шиаи Лондоннишин" хонд, ки бо тарвиҷи лаън ва носазогӯӣ ба фарҳанги аҳли суннат, даъвои пайравӣ аз аҳли байт (а) -ро дорад, аммо дар ҳақиқат бадном кардани шиаро дунбол мекунад.
Вай афзуд: "Ин ҷараёни зиддиинқилоб, ки дорои шабакаи моҳвораӣ низ ҳаст, мехоҳад филмеро дар бораи торихи садри Ислом бисозад, ки ба шиддат тафриқаафканона аст, аммо уламои ташайюъ ҳимоят аз ин филм ва сохти онро маҳкум кардаанд".
Хотамӣ гуфт, ин ҷараён бо пуштибонӣ ва ҳимояти Англия, ки ДИИШ-ро низ мавриди ҳимояти худ қарор додааст, ба василаи як фарди бесаводи ба зоҳир рӯҳонӣ, ки дар Кувайт ба ҳамсари паёмбар иҳонат кард ва сипас аз сӯйи амири Кувайт афв шуд ва ба Лондон паноҳанда шуд, миллиардҳо доллар сарфи эҷоди шабакаи тафриқаафканонаи худ кардааст.
Ба гуфтаи имоми ҷумъаи Теҳрон, ин ҳаракоти тунд ва ифротии "шиаи Лондоннишин" бар хилофи роҳу равиши аҳли байт (а) аст ва ба қасди душманӣ бо Ҷумҳурии исломии Эрон иҷро мешавад.