Декабр 25, 2017 11:51 Asia/Dushanbe
  • Милоди ҳазрати Исои Масеҳ (а) муборак бод!

25 декабр рӯзи милоди фархундаи ҳазрати Исои Масеҳ (а) аст.

Ҳазрати Исои Масеҳ (а), ки дар Қуръони Карим аз ӯ ба Руҳуллоҳ ёд шуда, фарзанди ҳазрати Марям (с) аст.

Эшон бо тасдиқи Таврот китоби осмонии яҳудиён, башорат дод, ки баъд аз ӯ расуле хоҳад омад, ки номаш Аҳмад - ҳазрати Муҳаммад (с) паёмбари бузургвори ислом - хоҳад буд.

Масеҳиён дар рӯзи таваллуди ҳазрати Исои Масеҳ (а) паёмбари бузурги илоҳӣ ойини вижае баргузор мекунанд, ки барафроштани дарахти коҷи сабз дар хонаҳо маъруфтарини ин русум аст.

Агарчи масеҳиён бар сари таърихи таваллуди ҳазрати Масеҳ ихтилофи назар доранд, аммо соли нав дар ҳамаи кишварҳое, ки тақвими милодиро ба расмият мешиносанд аз аввали моҳи январ оғоз мешавад.

Ба ҳамин муносибат мақомоти олирутбаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёмҳое ба сарони мақомоти кишварҳои мухталиф ва ҳамаи масеҳиёни ҷаҳон, фаро расидани милоди ҳазрати Исои Масеҳ (а) ва оғози соли нави 2018-ро табрик гуфтанд.

Бахши тоҷикии Садои Хуросон милоди ҳазрати Масеҳ (а)-ро ба ҳамаи пайравон ва дӯстдорони он ҳазрат табрик мегӯяд.

 

Барчасп