Тавзеҳи додситони Теҳрон дар бораи иқдомоти муттаҳами ҷосусӣ барои Моссад
Додситони Теҳрон гуфт: Аҳмадризо Ҷалолӣ муттаҳам ба ҷосусӣ, ба ҳашт бор дидор бо маъмурони сервиси ҷосусии бегона иқрор карда ва дар ҳамин замина маболиғеро низ дарёфт кардааст.
Аббоси Ҷаъфарии Давлатободӣ бо ишора ба дидори ахири худ бо Аҳмадризо Ҷалолӣ, ки ба иттиҳоми ҷосусӣ ба эъдом маҳкум шудааст, гуфт: Номбурда дорои докторои ҳаводиси пешбининашуда ва коршиноси пизишкии ҳастаӣ аст ва ҳамсараш низ аз коршиносони Созмони энержии атомии Эрон буда, ки дар ҳоли ҳозир аз хидмат мунфасил шудааст .
Додситони Теҳрон гуфт: Ҷалолӣ ному иттилооти теъдоде аз мудирони Вазорати дифоъ ва Созмони энержии атомии Эронро ба ҳамроҳи иттилооти марбут ба прожеҳои ин ду ниҳод ба афсарони Созмони ҷосусии режими саҳюнистӣ (Моссад) таҳвил додааст .
Вай афзуд: Ҷосуси боздоштшуда ба олудасозии системаҳо иқрор карда ва ботаваҷҷуҳ ба шавоҳиди мавҷуд, флешкаҳоеро, ки дар ихтиёр дошта бо пушиши интиқоли Дейто ба системаҳои бисёре аз афроди мавриди назар, васл кардааст .
Муттаҳам ба интиқоли иттилооти марбут ба прожеҳои сиррии низом дар ҳавзаҳои таҳқиқотӣ, низомӣ, дифоӣ ва ҳастаӣ дар қиболи дарёфт маболиғе ба ҳамроҳи ҳаққи шаҳрвандии кишвари Шветсия барои худу хонаводааш иқрор кардааст .
Додгоҳ Аҳмадризо Ҷалолиро ба эъдом маҳкум ва ин раъй дувуми декабр дар Девони олии Эрон тайид шудааст .
Аҳмадризо Ҷалолиро апрели 2016 ба иттиҳоми ҷосусӣ дар Теҳрон боздошту ба зиндон мунтақил шуд .