Декабр 27, 2017 18:39 Asia/Dushanbe
  • Докторини низомии Эрон ва заруратҳои тақвияти тавони дифоӣ

Ҳаққи зотии ҳар кишвари мустақил доштани силоҳҳои мутаориф барои дифои машруъ ва таъмини ниёзҳои амниятӣ аст.

Тибқи ин ҳаққи зотӣ, Эрон ба ҳамаи муаллафаҳои дифоии мутаориф ва роҳбурдӣ бо иттико ба тавонмандиҳои мутахассисони дохилӣ даст ёфтааст .

Генерал Амири Ҳотамӣ, вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон бо баёни инки ҷанги таҳмилии Ироқ ба Эрон боиси шиносоии дӯстону душманони инқилоби исломӣ шуд, изҳор кард, бо таваҷҷуҳ ба умқи душманиҳо алайҳи Эрон, як нигоҳи баланди роҳбурдӣ дар Эрон шакл гирифт, ки боиси дастёбии ҷумҳурии исломӣ ба қобилиятҳои дифоӣ шудааст .

Бархурди масъулона бо мақулаи амният ва заруратҳои дифоӣ эҷоб мекунад, ки дар минтақаи ҳассоси Халиҷи Форс ба ҷои рӯйкардҳои ғайримантиқӣ ва фазосозиҳои муғризона, муқобили авомили таҳриккунандаи амният ва ҷарёнҳои бесуботкунандаи минтақа мавзее ҷиддӣ гирифта шавад .

Инак вуҷуди зарродхонаи атомӣ ва силоҳҳои печида ва таҳоҷумии режими саҳюнистӣ омили аслии таҳдидкунандаи сулҳу амният дар минтақа аст .

Тахсиси буҷетҳои низомии калон барои хариди таслеҳот аз сӯи бархе кишварҳои араби ҳавзаи Халиҷи Форс аз ҷумла имзои қарордоди хариди низомии 110 миллиард долларии Арабистон бо Амрико ин муҳаррикҳоро бештар кардааст .

Бархе кишварҳои минтақа, ки бақои худро дар ҳузури бегонагон дар канори худ мебинанд, ба дунболи бурунгароӣ дар муодилоти амниятии минтақа ҳастанд.

Табиӣ аст, ки дар чунин шароите Эрон дар қиболи таҳдидҳо ҳассос бошад.

Ҷумҳурии исломии Эрон аз иттиҳомҳо ва сиёҳнамоӣ дар бораи қудрати мушакӣ ва дифоии худ бим надорад.

Мавзеи қатъии Эрон низ ҳамон нуктаи калидист, ки генерал Амири Ҳотамӣ мавриди таъкид қарор додаву гуфтааст:

“Роҳбурди душманон тазъифи иқтидори миллӣ ва тавони дифоии Эрон аст, аммо ҷумҳурии исломӣ бо тамоми вуҷуд иҷоза нахоҳад дод, касе ба қудрати дифоии кишвар латма бизанад”.  

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоб, чанде қабл дар ҳамин хусус дар баёноте бо интиқод аз ҳамовоии Аврупо бо Амрико ва фишор бар Эрон дар барномаи дифоии мушакӣ таъкид карданд, “аврупоиҳо бояд аз ҳамсадоӣ бо амрикоиҳо дар масоиле назири қудрати дифоии Эрон ва ҳузури Эрон дар минтақа бипарҳезанд, чун мо мутлақан ҳамовозии аврупоиҳо бо зӯргуиҳои Амрикоро қабул намекунем”.  

Ончи мусаллам аст, Эрон ҳечгоҳ ба дунболи таслеҳоти атомӣ ва ғайримутаориф набуда, аммо мутаносиб бо таркибу навъи таҳдидот сатҳи тавони дифоии худро иртиқо медиҳад .