Оғози ҳаракати қатори контенербари Чин ба Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i27715-Оғози_ҳаракати_қатори_контенербари_Чин_ба_Эрон
Қатори контенербари Чин рӯзи шанбе, ҳаракати худро бо гузаштан аз масири рейлии Қазоқистон ва Туркманистон ба сӯи Эрон оғоз кард.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 31, 2017 08:31 Asia/Dushanbe
  • Оғози ҳаракати қатори контенербари Чин ба Эрон

Қатори контенербари Чин рӯзи шанбе, ҳаракати худро бо гузаштан аз масири рейлии Қазоқистон ва Туркманистон ба сӯи Эрон оғоз кард.  

Ба гузориши расонаҳои Туркманистон, ин қатор, ки ҳаракати худро аз иёлати Юннан (Yunnan)-и Чин оғоз карда, қарор аст, пас аз 14 рӯз аз тариқи роҳи оҳани Қазоқистон ва Туркманистон вориди Теҳрон шавад.

Тӯли ин масири рейлӣ, ки даҳ ҳазору 297 километр эълом шудааст, кӯтоҳтарин масир дар муқоиса бо ҳамлу нақли дарёӣ ба шумор меравад.

Ҳаракати ин қатори контенербар ба ибтикори Туркманистон ва бо ҳадафи густариш ҳамкориҳои ҳамлу нақли чандҷониба ва иҷрои қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, сурат мегирад.

Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба пешниҳоди давлати Туркманистон дар бораи тақвияти ҳамкорӣ дар ҳавзаи ҳамлу нақл барои расидан ба аҳдофи тавсеаи пойдор, содир шуд.