Намояндаи маҷлис: Иддаои Исроил мабнӣ бар мушорикати Эрон дар шиллики ракета ба режими саҳюнистӣ кизби маҳз аст
(last modified 2017-12-31T12:23:12+00:00 )
Декабр 31, 2017 17:23 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи маҷлис: Иддаои Исроил мабнӣ бар мушорикати Эрон дар шиллики ракета ба режими саҳюнистӣ кизби маҳз аст

Сухангуи Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон иддаои Исроил мабнӣ бар мушорикати Эрон дар шиллики ракета ба режими саҳюнистиро кизби маҳз донист.

Авигдор Лиеберман, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ иддао кардааст ракетаҳое, ки ҷумъаи гузашта аз борикаи Ғазза ба самти Фаластини ишғолӣ шиллик шудааст, аз сӯи гурӯҳҳое буда, ки мавриди ҳимояти Эрон ҳастанд .

Саидҳусайни Нақавии Ҳусайнӣ, Сухангуи Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории маҷлис, бо ишора ба иддаои ахири вазири ҷанги режими саҳюнистӣ мабнӣ бар шиллики ракета аз суӣ гурӯҳҳои эронӣ дар борикаи Ғазза ба самти Фаластини ишғолӣ афзуд: Ин навъи иддаоҳо кизби маҳз аст, ки мақомоти режими саҳюнистӣ дар расонаҳо матраҳ мекунанд .

Намояндаи маҷлиси Шӯрои исломии Эрон тасреҳ кард: Режими саҳюнистӣ барои тарвиҷи эронҳаросӣ, ҳар мушаке, ки аз ҷое ба самти Исроил шиллик шавадро мунтасаб ба Эрон ва ё гурӯҳҳои эронӣ медонад .

Сухангуи Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон бо баёни инки фаластиниён дар борикаи Ғазза тавонистаанд ба фанноварии сохти мушак даст пайдо кунанд ва он қадар адавоти низомии қавӣ сохтаанд, ки ба роҳатӣ ба таҳдиде барои режими саҳюнистӣ табдил шудааст, таъкид кард: Агар Эрон бихоҳад, иқдоме зидди режими саҳюнистӣ дошта бошад, ба сароҳат эълом мекунад .

 

Барчасп