Шамхонӣ: Амрико, Британия ва Арабистон дар интернет алайҳи Эрон ҷанги ниёбатӣ ба роҳ андохтаанд
(last modified 2018-01-02T04:52:36+00:00 )
Январ 02, 2018 09:52 Asia/Dushanbe
  • Шамхонӣ: Амрико, Британия ва Арабистон дар интернет алайҳи Эрон ҷанги ниёбатӣ ба роҳ андохтаанд

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъкид кард, ончи дар интернет рӯзҳои ахир алайҳи ҷумҳурии исломии Эрон рух медиҳад, ҷанги ниёбатӣ алайҳи миллати Эрон аст.

Алии Шамхонӣ эълом кард: Ҳаштаг ва паёмҳои марбут ба авзои чанд рӯзи ахир дар Эрон аз дохили Амрико ва дигар кишварҳои муттаҳиди Вашингтон аз ҷумла Британия ва Арабистон ҳидоят мешаванд .

Рӯзҳои гузашта, теъдоде аз мардум дар чанд шаҳри Эрон, бо баргузории таҷаммуъ ва сар додани шиорҳое, ба адами таъини таклифи молбохтагони муассисоти молӣ ва гаронии бархе колоҳо ва заъфи назоратии давлат эътироз карданд, ки бархе аз ин таҷаммуъҳо аз сӯи фурсатталабону иғтишошгарон ба ошуб кашида шуд .

Аз иқдомоти Амрико ва муттаҳидонаш барои эҷоди ихтилолу ошуб дар Эрон, ҳимояту даъват аз иғтишошгарон барои эҷоди тахриб ва густариши ноамнӣ дар сатҳи шаҳрҳо будааст .

Шамхонӣ бо таъкид бар инки ҳадаф аз дахолати хориҷии созмонёфта, ҷилавгирӣ аз пешрафти Эрон аст, тасреҳ кард, душманони Эрони исломӣ талош мекунанд, Эронро аз дохил фуру бипошанд, аммо ҳечгоҳ муваффақ нахоҳанд шуд .

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бо ишора ба инки Арабистон дар чорчуби сенарияи худ алайҳи Эрон пулҳои зиёде харҷ кардааст, таъкид кард, Оли Сауд хатарнок будани вокуниши Эрон дар қиболи дахолатҳояшро медонад .

 

Барчасп