Август 22, 2016 15:25 Asia/Dushanbe
  • Истифодаи Русия аз пойгоҳи ҳавоии Эрон поён ёфт

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, истифодаи Русия аз пойгоҳи ҳавоии "Нужа"-и шаҳри Ҳамадон поён ёфт.

Ба гузориши ИРНА, Баҳроми Қосимӣ дар нишасте бо хабарнигорон, дар мавриди истифодаи Русия аз пойгоҳи ҳавоии Нужаи Ҳамадон дар ғарби Эрон, гуфт, Русия на дар Эрон пойгоҳ дорад ва на мустақар шудааст. Мавзуе буд, ки анҷом шуд ва феълан поён ёфт.

Қосимӣ афзуд, Эрон ҳеч тавофуқномае бо Русия дар ин хусус надорад, равобити мо бо ин кишвар дар баъзе ҳавзаҳо роҳбурдӣ аст ва дар чанд соли гузашта, ин равобит ба хусус дар заминаи мубориза бо терроризм ва ДИИШ бисёр наздик шудааст.

Дар рӯзҳои ахир, Русия бо ҳамоҳангии Эрон чандин адад бомбафкани худро барои ҳамла ба террористҳои Сурия, дар пойгоҳи ҳавоии Нужа дар шаҳри Ҳамадон дар ғарби Эрон мустақар карда буд.

Қосимӣ ҳамчунин дар бораи робитаи Арабистон бо гуруҳаки террористии "Мунофиқин" гуфт, Арабистон дучори як таваҳҳуми ҷиддӣ аст ва бо тавваҷуҳ ба мушкилоти дохилӣ ва хориҷӣ, даст ба ҳаракоти нобахирадона мезанад ва роҳ ба ҷое ҳам нахоҳад бурд.

 

Барчасп