Июл 13, 2016 19:50 Asia/Dushanbe
  • Вилоятӣ: Эрон ва Афғонистон иштирокҳои фаровоне доранд

Мушовири Раҳбари инқилоби исломӣ ва сиёсатмадори олирутбаи Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: "Эрон ва Афғонистон иштирокҳои фаровоне барои густариши равобит доранд".

Ба гузориши ИРНА, Алиакбари Вилоятӣ рӯзи чаҳоршанбе дар ҷамъи шуморе аз фаъолони сиёсӣ, устодони донишгоҳҳо, фарҳехтагон ва андешамандони Афғонистон дар Теҳрон афзуд: "Эрон ва Афғонистон иштирокҳои торихӣ, эътиқодӣ ва мазҳабӣ барои густариши равобити ҳамаҷониба доранд ва кам ду миллате пайдо мешавад ки инчунин равобитҳое дошта бошад".

Вилоятӣ ба қарордоди транзитии сеҷониба байни Эрон, Ҳинд ва Афғонистон ишора кард ва гуфт: "Ин қарордод аз ин рӯ баста шуда, ки Афғонистон битавонад бо дастрасӣ ба обҳои озод, аз имконоти ҳамлу нақли Эрон барои содироту воридот истифода кунад".

Мушовири Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар умури байналмилал ба нақши арзишманд ва мавқеияти муҳими ҷуғрофиёии Афғонистон ва тамаъварзии бегонагон ба ин кишвар ишора кард ва гуфт: "Талошҳои мардуми Афғонистон муҷиб шудааст ки онон бар душманон пирӯз шаванд ва бегонагонро аз кишвари худ берун биронанд ва бақияи бегонагонро ҳам аз Афғонистон хориҷ хоҳанд кард".

Вилоятӣ ҳамчунин дар бораи таъсирҳои Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак ва нақзи бархе бандҳои он аз сӯйи бархе аз кишварҳои узви 5+1 таъкид кард, Эрон бар сари аҳди худ истода ва нақзи аҳд намекунад, аммо аз сӯйи дигар, аз ҳуқуқи худ дифоъ мекунад ва муқобили аҳдшиканиҳои тарафи муқобил меистад.