Амрико, саҳюнистҳо ва як давлати Халиҷи Форс - тарроҳи ҳаводиси ахири Эрон
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ гуфтанд, қаринаҳо ва шавоҳиди иттилоотӣ нишон медиҳад, ки қазоёи ахири Эронро Амрико, режими саҳюнистӣ тарроҳӣ ва як давлати арабӣ таъмини молӣ карда буданд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи сешанбе дар дидор бо ҳазорон нафар аз мардуми шаҳри Қум ба ташреҳи абъоди мухталифи тавтеаи душманон барои сӯистфода аз хостаҳои мардуми Эрон пардохтанд ва гуфтанд, як сари сегонаи қазияи ахир Амрико ва саҳюнистҳо буданд, ки тарроҳиро анҷом доданд ва чанд моҳ рӯйи ин тарроҳӣ кор карданд ва ҳадафи онҳо ин буд, ки ҳаракатҳо аз шаҳрҳои кӯчак шурӯъ шавад, то ба марказ бирасад. Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ тасреҳ карданд, сари дувуми ин сегона яке аз давлатҳои пулдори Халиҷи Форс аст, ки ҳазинаи ин нақшаро таъмин кард ва раъси сеюм низ "шогирдҳо” буданд, ки марбут ба созмони одамкуши мунофиқин ҳастанд ва аз моҳҳо қабл омода буданд. Эшон афзуданд, барои созмондеҳӣ ва амалиёт ду қароргоҳи фармондеҳӣ дар ҳамсоягии Эрон ташкил шуда буд: яке аз ин қароргоҳҳо барои ҳидояти амалиёт дар фазои маҷозӣ ва қароргоҳи дувум барои мудирияти ошӯбҳо буд, ки ҳарду қароргоҳро амрикоиҳо ва саҳюнистҳо фармондеҳӣ мекарданд ва пирӯзии худро низ қатъӣ медонистанд. Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо ишора ба фарохонҳо хотирнишон карданд, дар ин фарохонҳо шиори «На ба гаронӣ!» матраҳ шуда буд, ки шиори ҷаззоб буд, то иддаеро ба дунболи худ вориди саҳна кунанд ва дар ибтидои кор ҳам иддае бо ин шиор ҳамроҳ шуданд, аммо мардум ба маҳзи он ки диданд, ҳадафу шиорҳо тағйир кард, сафи худро ҷудо карданд.
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ хитоб ба ҳайати Ҳукумати Амрико низ гуфтанд: «Аввал ин ки сари шумо дар ҳаводиси ахир ба санг хӯрд ва агар дар оянда такрор кунед, боз ҳам ноком хоҳед монд. Дувум ин ки дар ин чанд рӯз ба Эрон хисорат задед ва ин кор бетовон нахоҳад монд ва сеюм ин ки ин девонабозиҳои намоишӣ беҷавоб нахоҳад монд». Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд, истодагӣ ва набарди «миллат бо зидди миллат», «Эрон бо зидди Эрон» ва «Ислом бо зидди Ислом» ҳамчун чиҳил соли гузашта идома хоҳад дошт, аммо кинаварзии душман набояд мӯҷиб шавад, масъулон аз заъфу мушкилоти мардум, бавижа табақоти заиф ғофил шаванд.