Дархости Эрон аз Чин дар бораи нафткаши эронӣ
(last modified Thu, 11 Jan 2018 15:11:03 GMT )
Январ 11, 2018 20:11 Asia/Dushanbe
  • Дархости Эрон аз Чин дар бораи нафткаши эронӣ

Эрон талоши ҷиддитари Пекинро дар амалиёти имдод ва наҷоти сарнишинони нафткаши эрониро, ки дар соҳили шарқии обҳои Чин оташ гирифтааст, хостор шуд.

Ба гузориши хабаргузори ИРНА, Алии Рабеӣ, вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Эрон ва масъули Кумитаи вижа расидагӣ ба ҳодисаи нафткаши эронӣ, рӯзи панҷшанбе дар номаҳ‎ое ба мақомоти Чин аз неруи дарёӣ, вазорати ҳамлу нақл ва дигар созмонҳои зирабти ин кишвар хост, дар амалиёти имдод ва наҷоти сарнишинони нафткаши эронӣ, ҷиддияти бештаре ба харҷ диҳанд.

Шанбешаб як киштии бории чинӣ- гонконгӣ дар савоҳили шарқии Чин ба як нафткаши эронӣ бархӯрд кард.

Ин ҳодиса сабаби инфиҷор ва оташсӯзӣ дар нафткаши эронӣ шудааст.

32 хадамаи нафткаши эронӣ, шомили 30 эронӣ ва ду бангладешӣ дар ин ҳодиса нопадид шудаанд.

Бархе коршиносони фаннӣ аз эҳтимоли ҳарчанд андак, зинда мондани сарнишинони ин нафткаши эронӣ, хабар медиҳанд.