Кашфи ду пайкари ҷадид дар нафткаши эронӣ
Нерӯҳои имдод ва наҷоти Чин субҳи шанбе (ба вақти маҳаллӣ) пас аз вуруд ба дохили нафткаши эронӣ, ду пайкари ҷадид кашф карданд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон аз Шангхай, ба иллати зиёд будани газҳои саммӣ ва набуди оксигени кофӣ, нерӯҳои имдод ва наҷоти Чин фақат ним соат дар нафткаш ҳузур ёфтанд ва сипас аз нафткаш хориҷ шуданд.
Дар ҳамин ҳол эълом шуд, нерӯҳои вижаи эронии ҳозир дар маҳал омодаи амалиёти вуруд ҳастанд ва дар сурати фароҳам будани шароит ин амалиёт анҷом хоҳад шуд.
Рӯзи гузашта Алиризо Наврӯзӣ, фармондеҳи имдод ва наҷоти Эрон аз хомӯш кардани оташи нафткаши эронӣ дар савоҳили шарқии Чин бо кумаки шаш киштии оташнишон хабар дода буд.
Шашуми январи соли 2018 як киштии бории чинӣ- ҳонконгӣ дар савоҳили шарқии Чин ба як нафткаши эронӣ бархурд кард, ки ин ҳодиса сабаби инфиҷор ва оташсӯзӣ дар нафткаши эронӣ шуд.