Январ 13, 2018 15:16 Asia/Dushanbe
  • Нахустин иҷлоси “Гуфтугӯҳои фарҳангии осиёӣ” дар Теҳрон

Нахустин иҷлоси “Гуфтугӯҳои фарҳангии осиёӣ” дар Теҳрон оғоз ба кор кард.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, ин иҷлос бо ҳадафи фаъолсозии зарфиятҳои илмиву донишгоҳии Эрон ва Осиё ва иртиботу ҳамкории мустамари нухбагони эронӣ ва осиёӣ дар Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ шуруъ ба кор кард.

Дар ин иҷлос беш аз 70 нафар аз шахсиятҳои барҷастаи фарҳангӣ ва илмӣ аз 20 кишвари осиёӣ ҳузур доранд.

 Нахустин иҷлоси “Гуфтугӯҳои фарҳангии осиёӣ” бо ҳамкории марокизи мухталифи илмиву донишгоҳӣ, аз ҷумла Донишгоҳи Теҳрон, Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад, Донишгоҳи Мозандарон, муассиса фарҳангии ЭКО, Маҷмаи байналмаҷолиси осиёӣ ва Маркази гуфтугӯи ҳамкории осиёӣ баргузор мешавад.

Пас аз баргузории маросими ифтитоҳия се комиссияи минтақаӣ ва мавзӯии ин иҷлос, шомили комиссияҳои “Шарқи Осиё”, “Шибҳи Қора” ва “Осиёи Марказӣ ва Қафқоз” дар донишгоҳҳои Теҳрон, Мозандарон ва Фирдавсии Машҳад то 25-уми даймоҳ баргузор мешавад.