Январ 14, 2018 15:13 Asia/Dushanbe

Созмони банодир ва дарёнавардии Эрон, ғарқ шудани нафткаши эронии «Сончӣ», дар савоҳили шарқии Чинро таъйид кард ва ҷон бохтани 32 хадамаи ин киштиро ба бозмондагони ҷомеаи дарёии Эрон ва тамоми эрониён, таслият гуфт.

Созмони банодир ва дарёнавардии Эрон имрӯз (якшанбе) дар паёме афзуд, нафткаши эронии дучори ҳариқ шуда дар савоҳили шарқи Чин, ғарқ шуд.

Муҳаммади Ростод, сухангӯи Кумитаи вижаи расидагӣ ба вазъияти киштии нафткаши эронӣ ва раиси Созмони банодир ва дарёнавардии Эрон, ки дар Шонгҳойи Чин ҳузур дорад, имрӯз гуфт, ҳаҷми оташ дар нафткаши Сончӣ афзоиш ёфт ва ба ҳамин иллат имкони вуруди таковарони эронӣ ба киштӣ фароҳам нашуд.

Вай ҳамчунин бо баёни инки киштӣ, шиновар будани худро аз даст дода ва дар ҳоли ғарқ шудан аст, тасреҳ кард, дигар умеде ба зинда пайдо кардани 29 узви дигари хадамаи нафткаш нест.

Ростод афзуд, бино бар шавоҳиди мавҷуд, коркунони нафткаши Сончӣ дар соати аввалия дар асари шиддати инфиҷор ва газҳои мутасоид шуда, ҳамагӣ ҷон бохтанд.

Шанбе шаби гузашта (шашум январ) як киштии бории чинӣ- гонконгӣ дар савоҳили шарқи Чин ба як нафткаш эронӣ бархӯрд кард, ки ин ҳодиса мӯҷиби инфиҷор ва оташсӯзӣ дар нафткаши Эрон шуд ва 32 хадамаи нафткаш (30 эронӣ ва ду Бангладеши) дар ин ҳодиса, мафқуд шуданд.

Пештар бо талоши имдодгарон, пайкари се хадамаи эронии ин нафткаш пайдо шуд.