Январ 16, 2018 14:44 Asia/Dushanbe
  • Ҳаракати хазандаи Амрико барои таҳрими расонаи миллӣ

Ба думболи силсилаи нооромиҳои ахир дар бархе шаҳрҳои Эрон, Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико бо интишори маҷмӯае аз паёмҳои твиттерӣ кӯшид худро ҳомии миллати Эрон бихонад. Яъне, ҳамон миллате, ки чанд моҳ қабл дар як суханроние онҳоро “террорист” хонда буд.

Мақомоти давлати Амрико ба баҳонаи ҳимоят аз ҳуқуқи мардум, даври тозае аз таҳримҳоро тарроҳӣ кардаанд. Дар ин миён номи расонаи миллии Садо ва Симо низ ба унвони яке аз аҳдофи тозаи таҳримҳои давлати Амрико матраҳ шудааст.

Таҳриме, ки ҳатто дар даврони ҷанги сард низ собиқа надошта ва расонаи расмии ҳеҷ кишваре то кунун дар листи таҳримҳо қарор дода нашудааст.

Ин бархурди ғайримантиқӣ бо расонаи миллӣ аммо ба думболи чӣ аҳдофе аст?

Ин гуна иқдомот албатта, чандон аҷиб нест. Расонаҳои ғарбӣ солона даҳҳо миллион доллар харҷ мекунанд барои ин ки тасвиреро, ки комилан хилофи ҳақиқат аст, аз Эрон дар зеҳни мухотабон эҷод кунанд. Ба ҳамин далел аз ин ки расонае дар буъди миллӣ ва дар арсаи бурунмарзии ин гуфтумон ва тасвире, ки роҷеъ ба Эрон эҷод кардаандро нақз кунад, асабонӣ ҳастанд.

Нишона гирифтани расонаи миллӣ дар воқеъ мизони таъсиргузории ин расонаи қудратманд ва шабакаҳои пурмухотаби бурунмарзии Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон назди афкори умумиро нишон медиҳад.

Мафҳуми ҳақиқии озодии баён ва андеша доштан асли таҳаммулпазирӣ аст. Амрико аммо ҳоло мехоҳад бо убур аз иддаои бовари доштани озодии андеша ва баён ва усули ҳуқуқи башар ва либерализм, ҷараёни озоди расонаро дар сӯйи дигари ҷаҳон ба банд бикашад ва онро бо эъмоли маҳдудиятҳои таҳримгуна ба инзиво бикашад.

Ин рафтор ҳеҷ тавҷеҳе надорад ва ба ҳеч мантиқе рост намеояд ва фақат нишон аз лаҷомгусехтагии режиме дорад, ки саъй дорад рекорди тозаеро дар мудохилот ва хусуматварзӣ бо миллати Эрон ба сабт бирасонад.

Амрико аммо худ бо ҳама абзорҳои расонаӣ барои фосила андохтан байни мардум ва низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ба вуҷуд овардани норизоиятӣ байни мардуми Эрон истифода мекунад.

Дар санади роҳбурдии амнияти миллии Амрико омадааст: “Мо мехоҳем бо бархе радио ва телевизионҳои хусусӣ ва амрикоӣ дар Калифорния, Ню-Ҷерси ва Вашингтон ҳамроҳ шавем то ба онҳо кумак кунем паёми Амрикоро ба дохили Эрон бирасонанд”.

Роберт Мак Моҳун, таҳлилгари сайти интернетии Шӯрои равобити хориҷии Амрико бар истифода аз қудрати расона ва суханпароканӣ муқобили Эрон ба ҷойи иқдоми низомӣ таъкид кардааст.

Ин таҳлилгари амрикоӣ мегӯяд, аз он ҷо ки иқдоми низомӣ зидди Эрон баид ба назар мерасад, гузинаи қудрати нарм бо истифода аз ташдиди марокизи суханпароканӣ дар авлавият аст.

Бидуни шак талош барои халал дар фаъолияти расонаи миллӣ ва ҷараёни озоди расона Амрикоро ба мақсад нахоҳад расонд.

Бар асоси моддаи 19-и Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ва моддаи 19-и Паймони байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ ва моддаи 10-и Конвенсияи аврупоӣ ва ҳамчунин моддаи 13-и Конвенсияи ҳуқуқ башар, озодии баён шомили дарёфти ҷараёни озоди иттилоот аст.

Аз ин рӯ, ин мухотабон ҳастанд, ки бо такя бар асли ҳаққи интихоб масири ҷараёни озоди расонаро таъйин мекунанд.