Рӯҳонӣ: Душманони ислом аз ихтилофи мусулмонон суд мебаранд
(last modified Wed, 17 Jan 2018 13:42:11 GMT )
Январ 17, 2018 18:42 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Душманони ислом аз ихтилофи мусулмонон суд мебаранд

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Душманони исломи манофеи худро дар ихтилофи байни мусулмонон ҷустуҷу мекунанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар дидори Холид Ҳилол Носир Алмаъмулӣ, раиси Маҷлиси Уммон дар Теҳрон, баргузгории сездаҳумин Конфронси маҷолиси кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломиро бисёр муҳим донисту гуфт: Гирдиҳамоӣ ва гуфтугӯи сарони кишварҳои исломӣ бо якдигар дар бораи масоилу мушкилот ва расидан ба тасмимоти муштарак метавонад гоме муассир дар расидан ба ваҳдату тақвияти сулҳу субот дар минтақа бошад .

Рӯҳонӣ бо ишора ба мушкилоти мардуми Яман аз лиҳози амниятӣ, беҳдоштӣ ва дармонӣ афзуд: Мутаассифона бархе кишварҳои ғарбӣ аз вуҷуди даргирӣ дар минтақа ба далели фурӯши таслеҳоти худ бисёр хушҳол ҳастанд ва ба ҷавониби инсонӣ таваҷҷуҳе надоранд .

Рӯҳонӣ равобити дуҷонибаи Теҳрон–Масқатро низ самимона ва рӯ ба густариш донисту гуфт: Эрон аз фаъолияти сармоягузорони уммонӣ дар манотиқи озоди Чобаҳор ва Ҷоск ва дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ ба вижа дар ҳавзаи транзит истиқбол мекунад .

Раиси Маҷлиси Уммон низ дар ин дидор сездаҳумин Конфронси маҷолиси кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломиро муваффақиятомез донисту гуфт: Эрон ҳамвора дар ҳимоят аз мазлумину мустазъафони ҷаҳон ба хусус дар масъалаи Фаластин талоши вижае дошта ва имрӯз хушбахтона миллатҳои исломӣ хатареро, ки мусулмонону Қудсро фаро гирифтааст, ба хубӣ дарк кардаанд .

Холид Ҳилол Носир Алмаъмулӣ ҳамчунин таъкид кард, гуфтугӯ ва роҳҳалли сиёсӣ, бузургтарину муассиртарин роҳи барқарории сулҳу субот дар минтақа аст .