Баёнияи поёнии сенздаҳумин Конфронси маҷолиси кишварҳои узви СҲИ
Сенздаҳумин Конфронси маҷолиси кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) дар Теҳрон рӯзи чаҳоршанбе бо судури баёнияе ба кори худ поён дод.
Ширкаткунандагон дар сенздаҳумин Конфронси маҷолиси кишварҳои узви СҲИ бо судури баёнияе зимни қадрдонӣ аз Эрон барои баргузории ин конфронс ва бо маҳкум кардани тасмими раиси ҷумҳурии Амрико дар муаррифии Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ, ин иқдомро таҳдиде барои сулҳ ва амнияти байналмилал ва таҷовузи комил ба ҳуқуқи мардуми Фаластин унвон карданд.
Ширкаткунандагон дар ин конфронс ҳимоят ва пуштибонии худро ба рафъи чолишҳои мудовими мардуми Фаластин эълом ва таъкид карданд, то замоне, ки ҳуқуқи мардуми Фаластин ва ба вижа ҳаққи бозгашт ва таъсиси давлати мустақили Фаластин ба пойтахтии Қудси Шариф амалӣ нашавад, муқовимат дар тамоми шаклҳо ҳаққи қонунии фаластиниён аст.
Дар ин баёния ҳамчунин бо ибрози нигаронӣ дар бораи вахомати шароити инсонӣ дар Яман, бар зарурати тамаркуз бар роҳи ҳалли сиёсӣ ва осонсозиву суръат бахшидан дар ирсоли кумакҳои инсондӯстона ба саросари Яман таъкид шудааст.
Ширкаткунандагон дар ин конфронс бо маҳкум кардани тамоми нақзи фоҳиши ҳуқуқи инсони дар устони Рохини Миёнмор, аз давлати ин кишвар хостанд, зимни эҳтироми комил ба ҳуқуқи инсонӣ, озодиҳои бунёдини тамоми афродро бидуни ҳар гуна табъизи нажодӣ ва динӣ тазмин кунад.
Ин баёния ҳамчунин аз давлатҳои узв дар Иттиҳоди маҷолиси узви СҲИ хост то низоми иқтисодии ҷадиде асосёфта бар ҳамбастагии исломӣ эҷод ва аз эҷоди бистаре барои иртиқои равобити иқтисодӣ, бозаргонӣ, молӣ ва бонкӣ ҳимоят кунанд.
Ширкаткунандагон дар сенздаҳумин Конфронси маҷолиси кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ изҳороти нажодпарастонаи раиси ҷумҳурии Амрико алайҳи миллатҳои рангинпӯст ва муртабит сохтани Ислом ба терроризми ҷаҳониро низ маҳкум карданд.
Чаҳордаҳумин Конфронси маҷолиси кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Мағриб баргузор хоҳад шуд.