Маросими бузургдошти Бобоҷон Ғафуров дар Теҳрон
Маросими бузургдошти Бобоҷон Ғафуров, муаррих ва шарқшиноси машҳур ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон бо ҳузури ҷамъе аз уламо, асотид, донишмандон ва фарҳехтагони тоҷик ва эронӣ баргузор шуд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, маросими бузургдошти Бобоҷон Ғафуров, Қаҳрамони миллии Тоҷикистон дар маҳалли толори иҷтимооти “Шаҳид Мутаҳҳарӣ” бо ҳузури ҷамъе аз уламо, устодон, донишмандон ва фарҳехтагони тоҷик ва эронӣ баргузор шуд.
Дар ибтидои ин маросим Ҳасани Булхорӣ, раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Эрон бо ишора ба шахсият ва осори Ғафуров афзуд, ҳаёти вай саросар аз талош, таҳқиқ ва пажӯҳиш барои эҳёи азамат ва бузургии миллати тоҷик буд.
Вай гуфт, асари “Тоҷикон”-и Ғафуров натанҳо таърихнигории сирф, балки ҳувиятнигори миллати тоҷик аст.
Булхорӣ хотирнишон кард, Ғафуров талошҳои зиёде дар муаррифии чеҳраҳои фохири фарҳангии Эронзамин сурат дод, дар сурате, ки дар замони Шӯравии собиқ чунин коре бисёр сахт будааст.
Маҳдӣ Муҳаққиқ, раиси ҳайати мудираи Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ, ки бо Ғафуров дӯстӣ ва муровида дошта, хотироти худ бо ин шахсияти барҷастаи илмиро барои ҳуззор таъриф кард.
Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ дар Эрон, низ дар суханоне дар ин маросим, фаъолитҳои илмӣ ва амалии Ғафуровро камназир хонд ва гуфт, дар корномаи вай беш аз 300 мақола ва китоб вуҷуд дорад.
Вай идома дод, нақши Ғафуров дар ҳифзи ҳувияти миллии тоҷикҳо дар шароити душвори ҳукумати коммунистии Шӯравӣ бисёр арзишманд мебошад.
Ҳамчунин Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон ва сафири пешини Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе, Муродҷон Бурибоев, масъули фарҳангии сафорати Тоҷикистон дар Эрон ва Сафар Абдуллоҳ, узви Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ аз Тоҷикистон дар ин маросим дар мавриди шахсият ва осори арзишманди Ғафуров суҳбат карданд.
Ҳамчунин дар ин маросим паёми Неъматуллоҳ Имомзода, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон, тавассути Муродҷон Бурибоев, муовини сафир қироат шуд.