Январ 23, 2018 21:24 Asia/Dushanbe

Дар дувумин рӯзи марҳилаи аслии размоиши муштараки "Муҳамад - Расулуллоҳ (с)- 5"-и артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон мушаки дурбурди "Қадир" нахустин бор партоб шуд.

Воҳидҳои шиновари нерӯҳои баҳрии роҳбурдии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи сешанбе мушаки дурбурди "Қадир"-ро бо муваффақият озмоиш карданд ва тавонистанд бо шиллики ин мушак як шиновари душмани фарзиро дар фосилаи дур ва дар умқи дарёи Умон мунҳадим кунанд.

Мушаки “Қадир” як мушаки пешрафта бо қобилияти омодасозии сареъ, иртифои парвози поин, зидди ҷанги электронӣ бархурдор аз нуқтаи чархиш ва диққати зиёди навигатсионӣ аст, ки ҷузъи мушакҳои пешрафта ва барӯзи зиддисатҳӣ ба шумор меравад. Аз муҳимтарин вижагиҳои мушаки “Қадир” бархӯрди дақиқ ба аҳдофу қудрати зиёди тахрибкунанда доштани он аст.

Размоиши муштараки "Муҳаммад –  Расулуллоҳ (с)- 5"-и артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳузури нерӯҳои баҳрӣ, ҳавоӣ, заминӣ ва падофанди ҳавоии “Хотамуланбиё” (с) дар савоҳили Макрон ва баҳри Умон то мадори 15 дараҷаи шимолӣ ба муддати ду рӯз дар вусъати се километри мураббаъ баргузор мешавад.

 

Барчасп