Январ 24, 2018 15:51 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар ҷамъи 11 кишвари дорои фанноварии партоби моҳвора ба фазо

Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҷамъи 11 кишвари ҳавзаи сохти партобкунандаи моҳвора ба фазо қарор дорад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, раиси Маркази миллии фазоӣ ва дабири Ситоди ҳавоӣ ва ҳавонавардии Эрон афзуд, Амрико дар гузашта ба 33 кишвар иҷозаи истифода аз иттилооти фазоӣ ва моҳвораро дод, ки Эрон низ ҷузви ин кишварҳо буд.

Манучеҳри Мантиқӣ идома дод, бо ин ҳол сирфан бахшҳои операторӣ дар Эрон иҷро мешуд ва бахшҳои муҳандисиро мутахассисони амрикоӣ анҷом медоданд.

Вай бо баёни ин ки пас аз пирӯзии Инқилоби исломӣ бахши фазоии Эрон ба ду қисмати сохти моҳвора ва сохти партобкунанда тақсим шуд, афзуд, кишварҳои маҳдуде вориди ҳавзаи сохти партобкунанда шуданду дар шароити кунунӣ Эрон дар ҷамъи 11 кишваре аст, ки ин фанновариро дорад.