Пайкари се хадамаи нафткаши Сончӣ шиносоӣ шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i29145-Пайкари_се_хадамаи_нафткаши_Сончӣ_шиносоӣ_шуд
Пайкари се тан аз хадамаи нафткаши эронии Сончӣ рӯзи шанбе шиносоӣ шуд
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 28, 2018 11:06 Asia/Dushanbe
  • Пайкари се хадамаи нафткаши Сончӣ шиносоӣ шуд

Пайкари се тан аз хадамаи нафткаши эронии Сончӣ рӯзи шанбе шиносоӣ шуд

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон бар асоси эъломи дабирхонаи Кумитаи вижаи расидагӣ ба сониҳаи Сончӣ пайкарҳои Милод Орвӣ, Маҷид Нақиён ва Муҳаммади Ковусӣ се тан аз хадамаи нафткаши сониҳа дидаи эронии Сончӣ пас аз анҷоми озмоишҳои вижа (DNA)  мавриди шиносоӣ қарор гирифт.

Шашуми январ як фарванд киштии бории чинӣ-гонконгӣ  дар савоҳили шарқи Чин ба нафткаши эронии Сончӣ бархурд кард.

Ин ҳодиса сабаби таркиш ва оташсӯзӣ дар нафткаши Эрон шуд, ки тайи он 32 хадамаи нафткаши эронӣ (30 эронӣ ва ду бангладешӣ) дар ин ҳодиса ҷон бохтанд.

Аз ин теъдод танҳо пайкари се хадамаи нафткаши Сончӣ бо талоши имдодгарон пайдо шуд.