Афзоиши чашмгири умед ба зиндагӣ дар эрониён
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i29199-Афзоиши_чашмгири_умед_ба_зиндагӣ_дар_эрониён
Сухангуи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт: Афзоиши 25 соли умед ба зиндагӣ дар Эрон, таи беш аз чаҳор даҳа, пешрафти бисёр чашмгир ва шохисе хайракунандаест.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 29, 2018 13:29 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши чашмгири умед ба зиндагӣ дар эрониён

Сухангуи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт: Афзоиши 25 соли умед ба зиндагӣ дар Эрон, таи беш аз чаҳор даҳа, пешрафти бисёр чашмгир ва шохисе хайракунандаест.

Эраҷи Ҳарирчӣ, муҳимтарин ҳадафи низоми саломати кишварро афзоиши умед ба зиндагӣ унвон карду афзуд: Умед ба зиндагӣ дар солҳои қабл аз пирӯзии инқилоби исломӣ (1979), 54 сол будааст .

Ба гуфтаи вай, ҳамакнун умед ба зиндагӣ дар занони эронӣ беш аз 78 сол ва дар мардони эронӣ низ беш аз 73 сол аст .

Ҳарирчӣ афзуд: Афзоиши 25 соли умед ба зиндагии эрониён ношӣ аз беҳбуди зерсохтҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва низ иқдомоти ҳавзаи саломат дар чанд даҳаи гузашта будааст .