Посухи танзомези Зариф ба расвоии дубораи Амрико дар мадраксозӣ зидди Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i29241-Посухи_танзомези_Зариф_ба_расвоии_дубораи_Амрико_дар_мадраксозӣ_зидди_Эрон
Вазири хориҷаи Эрон ба намоиши музҳики Амрико дар тавлвиди шавоҳид ва мадракҳо бар зидди Ҷумҳурии исломии Эрон вокуниш нишон дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 30, 2018 11:20 Asia/Dushanbe
  • Посухи танзомези Зариф ба расвоии дубораи Амрико дар мадраксозӣ зидди Эрон

Вазири хориҷаи Эрон ба намоиши музҳики Амрико дар тавлвиди шавоҳид ва мадракҳо бар зидди Ҷумҳурии исломии Эрон вокуниш нишон дод.

Ба гузориши  Радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммад ҷаводи Зариф дар саҳифаи шахсии худ дар Твиттер бо интишори аксе аз як баста попкорн (кукруз)  дар канори акси боқимондаҳои мушаке, ки амрикоиҳо иддао мекунанд сохти Эрон аст ва яманиҳо ба сӯи Арабистон шиллик кардаанд, ба иддаои амрикоиҳо посух дод.

Зариф навишт: Ба фикрам ба онҳо гуфта шудааст мушаке, ки дар осмон бо патриёт(системи зидди мушакӣ) нобуд шуда комилан солим ба замин фуруд намеояд барои ҳамин ин бор қатъаҳое аз як мушакро нишон доданд; он ҳам бо нишон (логос)-и муассисаи стандарти Эрон, ки мо руйи бастаҳои маводди ғизоӣ мезанем.

Зариф ба таъна ба амрикоиҳо сифориш кард кӯшиш кунанд дубора шавоҳид ҷаъл кунанд.

Никӣ Ҳейлӣ- намояндаи Амрико дар Созмони миллали муттаҳид рӯзи душанбе дар ҳузури намояндагони кишварҳои узви Шурои амнияти Созмони миллали муттаҳид дар Нию-Йорк бо нишон додани оҳанпораҳое, ки иддао мекард  боқимондаи мушаки эронӣ аст намоиши таблиғотии наве бар зидди Эрон иҷро кард.

Ҳейлӣ пештар низ борҳо бидуни ишора ба ҳимоятҳои таслиҳотии Вашингтон аз Арабистон барои бамбборони мардуми мазлуми Яман,  Эронро ба таҷҳизи ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман барои ҳамлаи мушакӣ ба Арабистон муттаҳам карда буд.

Ин дар ҳоле аст ки Фарҳон Ҳақ- муовини сухангӯи Созмони миллали муттаҳид дар 14 декабр ва Ҷефрӣ Филтман-муовини дабири кулли ин созмон дар 19 декабри 2017 иддаои Амрико ва Арабистонро зидди Эрон рад карданд.