Баёноти Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон дар дидори раиси ҷумҳурӣ ва аъзои ҳайати давлати ин кишвар
(last modified 2016-08-24T16:29:08+00:00 )
Август 24, 2016 21:29 Asia/Dushanbe
  • Баёноти Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон дар дидори раиси ҷумҳурӣ ва аъзои ҳайати давлати ин кишвар

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ иқтисоди муқоваматӣ, сиёсати хориҷӣ, илму фановарӣ, амният ва фарҳангро аз авлавиятҳои аслии давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон донистанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ - Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар дидори раиси ҷумҳур ва аъзои ҳайати давлати Эрон ба муносибати ҳафтаи давлат таъкид карданд: Гузориши давлат аз иқдомоти анҷомгирифта тайи се соли ахир бисёр муфид буд, аммо бояд ин масоил ба иттилои мардум расонда шавад, зеро сармояи аслӣ, мардум ва эътимод ва умеди онҳо аст.

Эшон бо гиромидошти ёди шаҳидон - Муҳаммадалии Раҷоӣ – раиси ҷумҳурӣ ва Муҳаммадҷаводи Боҳунар - нахуствазири вақти Эрон гуфтанд: Мутаассифона бархе талош мекунанд барои татҳири мунофиқон, ки омили шаҳодати ин ду улгуи ихлос ва пуркор ва ҳазорон нафар аз мардум ва масъулони Эрон буданд, фазои мазлумият эҷод кунанд, аммо ин амалкардҳои муғризона ба натиҷа нахоҳад расид ва ҳаммонанди гузашта ноком хоҳад монд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳалли мушкилот ва гиреҳҳои иқтисодиро дар гарави иҷрои саҳеҳ ва дақиқи сиёсатҳои иқтисоди муқоваматӣ донистанд ва ҳидояти тасҳилоти бонкӣ ва ҳамчунин ҳаҷми азими нақдинагӣ ба сӯи тавлид, мушаввиқҳои содиротӣ, ва таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба рустоҳо ва саноеи табдилиро аз ҷумлаи иқдомоти асосӣ ва мумкин барои амалӣ шудани сиёсатҳои иқтисоди муқоваматӣ хонданд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёни инки сиёсати хориҷӣ яке аз авлавиятҳои давлати Эрон будааст, афзуданд: Осиё, Африқо ва Амрикои Лотин бояд саҳми муносиби худро дар сиёсати хориҷии кишвар дошта бошанд.

Эшон бо таъкид бар ин ки бояд аз бадаҳдии амрикоиҳо дар қазияи БАРҶОМ, таҷриба омӯхт, хотирнишон карданд: Ин таҷриба ба мо меомӯзд, ки ба ваъдаҳои ҳеҷ як аз давлатҳо дар Амрико наметавон эътимод кард.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ мавзӯи амниятро аз дигар авлавиятҳои давлати Эрон донистанд ва афзуданд: Бо талош ва заҳамоти неруҳои низомӣ ва амниятӣ дар ҳоле, ки кишварҳои минтақа мамлӯ аз ҳаводис ва ноамнӣ ҳастанд, Эрон аз як сипари амниятии мустаҳкаме бархурдор аст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: Интиқоди ман ба мавзӯи БАРҶОМ ба бадаҳдӣ ва хабосати тарафи муқобил марбут мешавад, на аносири худмон, зеро музокиракунандагони мо ба андозаи тавон худ талоши шабонарӯзӣ анҷом доданд ва мо қадрдони ин заҳамот ҳастем.

Эшон руҳияи инқилобӣ ва дини мардумро яке аз аносири аслии сипари амниятии мустаҳками кишвар донистанд ва таъкид карданд: Душман аз афзоиши тавони дифоӣ ва мушакии кишвар нигарон аст, бинобар ин бояд ба афзоиши тавони дифоӣ кумак ва аз он ҳимоят кард.