Поёни иҷлоси “Қудс – пойтахти сулҳи адён” дар Теҳрон
(last modified Thu, 01 Feb 2018 09:24:41 GMT )
Феврал 01, 2018 14:24 Asia/Dushanbe
  • Поёни иҷлоси “Қудс – пойтахти сулҳи адён” дар Теҳрон

Иҷлоси якрӯзаи “Қудс – пойтахти сулҳи адён” бо қироати баёнияе дар ҳимоят аз Фаластин, дар Теҳрон ба кори худ поён дод.

Ба гузориши ИРНА, дар баёнияи поёнии иҷлоси “Қудс – пойтахти сулҳи адён” омадааст: Кишвари Фаластин ба пойтахтии Байтулмуқаддас - сарзамину миллате якпорча аст, ки таъйини сарнавишти он дар дастони худи мардуми ин сарзамин аст.

Ин баёния меафзояд, тасмими раиси ҷумҳурии Амрико барои интиқоли сафорати ин кишвар ба Қудси ишғолӣ маҳкум аст ва таҳдиде зидди ҳамаи адёни иброҳимӣ, амният ва сулҳи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад.

Дар ин баёния ҳамчунин таъкид шудааст, ки режими саҳюнистӣ – режиме ишғолгару ҷаълӣ аст ва ҳаққи сарзамине дар Фаластин надорад.

Дар пайи тасмими зидди Қудси давлати Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико, иҷлоси “Қудс – пойтахти сулҳи адён” бо ҳузури шахсиятҳо, мақомоти илмиву динии дохилӣ ва хориҷӣ рӯзи чаҳоршанбе дар Теҳрон баргузор шуд.

Раиси ҷумҳурии Амрико шашуми декабри соли 2017 бо вуҷуди мухолифатҳои густардаи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ эълом кард, Амрико Қудсро ба унвони пойтахти Исроил ба расмият мешиносад.