Феврал 04, 2018 09:50 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Сиёсати ҳастаии Трамп башариятро ба нобудӣ наздиктар кардааст

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳор кард, сиёсати ҳастаи давлати Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, башариятро ба нобудӣ наздиктар кардааст.

Муҳаммадҷаводи Зариф шанбешаб дар вокуниш ба интишори гузориши мавсум ба бозбинии вазъияти ҳастаии Амрико, дар “Твиттер”-и худ навишт, бозбинии вазъияти ҳастаии Амрико, бозтобе аз иттикои бештари Амрико ба таслиҳоти атомӣ, дар нақзи Муоҳидаи манъи тавлид ва густариши силоҳҳои ҳастаӣ (NPT) аст.

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, сарсахтии Трамп барои азмиён бурдани Барномаи Ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) низ реша дар ҳамин беандешагии хатарнок дорад.

Вазорати дифои Амрико санади «баррасии вазъияти ҳастаӣ» (NPR)-ро рӯзи ҷумъа мунташир кард.

Бар асоси ин роҳбурди ҷадид, давлати Трамп бахши аъзаме аз сиёсати таслиҳоти ҳастаии давлати пешин Амрико (Барак Обама)-ро идома хоҳад дод, аммо дар қиболи Русия мавзеи таҳоҷумитар иттихоз мекунад.

Давлати Трамп бар тақвияти зарродхонаи атомии Амрико ҳам таъкид дорад.