Интиқоли ДИИШ ба Афғонистон аз барномаҳои Амрико, режими саҳюнистӣ ва Арабистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i29763
Сухангӯи комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон бо баёни ин ки интиқоли ДИИШ ба Афғонистон аз барномаҳои сегонаи Амрико, режими саҳюнистӣ ва Арабистон аст, изҳор дошт, ин барнома барои устувор боқӣ мондани ДИИШ анҷом шудааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 10, 2018 11:29 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли ДИИШ ба Афғонистон аз барномаҳои Амрико, режими саҳюнистӣ ва Арабистон

Сухангӯи комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон бо баёни ин ки интиқоли ДИИШ ба Афғонистон аз барномаҳои сегонаи Амрико, режими саҳюнистӣ ва Арабистон аст, изҳор дошт, ин барнома барои устувор боқӣ мондани ДИИШ анҷом шудааст.

Ба гузориши ИРНА, Сайидҳусайн Нақавии Ҳусайнӣ гуфт, Амрико мехоҳад бо ҳузури ДИИШ дар Афғонистон, терроризмро дар минтақа зинда нигаҳ дорад ва ин худ нишон медиҳад, ки онҳо тасмим бар аз байн рафтани ДИИШ-ро надоранд ва мехоҳанд ҳамчунон ин фитнаро ҳифз кунанд.

Вай изҳор дошт, Амрико, режими саҳюнистӣ ва Арабистон тасаввур мекарданд, ки ДИИШ метавонад сад сол ҷаҳони исломро дучори ошӯб ва ҷанг кунад, аммо тавтеаи онон нақш бар об шуд.

Нақавии Ҳусайнӣ эътилофи Туркия, Эрон ва Русияро барои муқобила бо ДИИШ, ҳатто дар Афғонистон таъсиргузор донист ва афзуд, ин эътилоф танҳо марбут ба Сурия набуд ва метавонад дар Афғонистон низ баҳрабардорӣ шавад.