Барафроштани бузургтарин парчами Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷараёни роҳпаймоии 22 баҳман дар Теҳрон
(last modified 2018-02-11T07:50:57+00:00 )
Феврал 11, 2018 12:50 Asia/Dushanbe
  • Барафроштани бузургтарин парчами Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷараёни роҳпаймоии 22 баҳман дар Теҳрон

Бузургтарин парчами Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳошия роҳпаймоии 22 баҳман дар Боғи музеи дифои муқаддаси Теҳрон барафрошта шуд.

Субҳи рӯзи якшанбе бо оғози роҳпаймоии 22 баҳман дар 10 масири эъломшуда дар Теҳрон, мардум ва ҷавонони инқилобии шаҳри Теҳрон бо кашидани парчами Амрико рӯйи замин ва гузар аз рӯйи он ва чархондани парчами Эрон бори дигар пӯшолӣ будани қудрати Амрикоро нишон доданд.

Муҳаммади Шариатмадорӣ вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон ҳам бо ҳузур дар роҳпаймоии 22 баҳман дар Теҳрон, гуфт: Ҳузур ва мушорикати мардум дар саҳна, нақши асосӣ дар тасбити низоми Ҷумҳурии исломӣ дорад ва зимни маъюс кардани душманони низоми исломӣ, бори масъулияти масъулони низоми Ҷумҳурии Исломии Эронро сангинтар мекунад.

Алии Лориҷонӣ раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ҳам дар Шероз, ҷануби Эрон, ҳузури мардум дар роҳпаймоии 22 баҳманро пуштивонаи арзишманде барои Ҷумҳурии Исломии Эрон донист ва афзуд: Ҳаракате, ки миллати Эрон ба раҳбарии Имом Хумайнӣ (раҳ) бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз кард, таҳаввулеро дар Эрон ва минтақа ба вуҷуд овард, ки таъсироти зиёде доштааст.

Имрӯз якшанбе, эрониён дар саросари Эрони исломӣ бо ҳузури ҳамосӣ ва миллионӣ ва дар даст доштан парчами серанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар роҳпаймоии 22 баҳман, яксадо шиори “истиқлол, озодӣ ва ҷумҳури исломӣ”-ро фарёд мезананд.

Садҳо аккос ва хабарнигори эронӣ ва хориҷӣ дар саросари Эрон пӯшишдиҳандаи маросими роҳпаймоии 22 баҳман, солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ ҳастанд.

Роҳпаймоии солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон субҳи рӯзи якшанбе ба таври ҳамзамон дар беш аз 1000 шаҳр ва чаҳор ҳазор русто дар саросари Эрони исломӣ оғоз шудааст.