Қатъномаи поёнии роҳпаймоии 22 баҳман: Ибрози хашму нафрат аз Амрикои ҷинояткор
Ширкаткунандагон дар роҳпаймоии 22 баҳман дар саросари Эрони исломӣ, зимни ибрози хашму нафрат аз бадаҳдиҳои Амрико, “шайтони бузург” дар нақзи мафоди тавофуқномаи ҳастаӣ таъкид карданд: Амрикои ҷинояткор ҳамчунон душмани шумораи яки миллати Эрон аст.
Мардуми Эрон бо судури қатъномаи поёнии роҳпаймоии саросарии 22 баҳман, эълом карданд: Мавозеи хасмонаи бархе мақомоти аршади аврупоӣ дар ҳамроҳӣ бо сиёсатҳои султаталабонаи Амрико зидди Эрон маҳкум аст .
Миллати Эрон ҳамчунин дар ин қатънома аз ҳамаи масъулон ва дастандаркорони низоми исломӣ хостанд, барои эҳқоқи комили ҳуқуқ, манофеи миллӣ ва муқобила ба мисли муассир бо таҳримҳо ва иқдомоти харобкоронаи низоми султа ва ҳомиёнаш иқдомоти шуҷоона иттихоз кунанд .
Дар қатъномаи поёнии ширкаткунандагон дар роҳпаймоии 22 баҳман дар саросари Эрони исломӣ омадааст: Пешрафтҳо ва дастовардҳои низоми исломии Эрон дар авҷи қуллаҳои сарбаландӣ ва ифтихор, беш аз ҳар замони дигаре ба унвони улгуи наҷотбахши ҷомеаи башарӣ, мояи мубоҳоти мусулмонон ва мустазъафони ҷаҳон шудааст .
Ин қатънома ҳамчунин зимни эъломи ҳимояти миллати Эрон аз ваҳдату иттиҳоди ҷаҳони ислом ва ҷунбишу ҳаракатҳои исломӣ ва озодибахш, ба вижа Фаластин ва меҳвари муқовимат, меафзояд: Тарҳи Амрикои ҷинояткор дар ба расмият бахшидан ба нақшаи шуми интиқоли пойтахти режими ҷаълӣ ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ба Байтулмуқаддас ва ҳамчунин ҷиноёти ваҳшиёнаи режими қабилаии Оли Сауд ва ҳампаймонони он дар Яману Баҳрайн маҳкум аст .
Роҳпаймоии сиву нуҳумин солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон субҳи якшанбе ба таври ҳамзамон дар беш аз 1000 шаҳру чаҳор ҳазор русто дар саросари Эрони исломӣ баргузор шуд .