Бозтоби роҳпаймоии 22 баҳман дар чанд расонаи хориҷӣ
(last modified 2018-02-11T11:50:34+00:00 )
Феврал 11, 2018 16:50 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби роҳпаймоии 22 баҳман дар чанд расонаи хориҷӣ

Баргузории роҳпаймоии сиву нуҳумин солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон дар бисёре аз расонаҳои дигар кишварҳо аз ҷумла хабаргузории расмии Чин (Синхуа) бозтоби густардае дошт.

Синхуа дар гузоришӣ ба нақл аз хабарнигори худ дар Теҳрон навишт :

“Садҳо ҳазор нафар аз мардуми Эрон якшанбе дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар, дар роҳпаймоии густардае, ки ба муносибати пирӯзии инқилоби исломӣ баргузор шуд, ширкат карданд. Ширкаткунандагон шиорҳои зидди амрикоӣ ва зидди исроилӣ сар дода ва тасовире аз раҳбари фақиди инқилоб ва ҳамчунин Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари ҷумҳурии исломии Эрон ҳамл мекарданд” .

Синхуа хотирнишон кард, ки мардуми Эрон дар посух ба фарохони масъулони ҷумҳурии исломӣ аз ҷумла Оятуллоҳ Хоманаӣ дар маҳкумияти шӯришҳои ахир дар ин кишвар дар ин роҳпаймоӣ ширкат карданд .

“Озарниюз” рӯзномаи давлатии ҷумҳурии Озарбойҷон низ дар хабаре бо ишора ба ҳузури густардаи мардуми Эрон дар роҳпаймоии рӯзи бисту дуввуми баҳман ва бузургдошти пирӯзии инқилоб, ширкати мардумро посухи онҳо ба шӯришҳо ва эътирозҳои хиёбонии ахир дар ин кишвар унвон кардааст .

“Факс Ниюз”-и Амрико низ дар гузорише дар хусуси маросими бузургдошти пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон навишт: Садҳо ҳазор нафар аз мардуми Эрон бо ҳузур дар хиёбонҳо дар Теҳрон ва ҳамчунин дигар шаҳрҳои ин кишвар, дар маросими пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон ширкат карданд .

Хабарнигори шабакаи Алҷазира низ дар гузорише муфассал ба шарҳи ҳузури миллионии мардуми Эрон дар роҳпаймоии рӯзи бисту дуввуми баҳман ва солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ пардохт .

 

Барчасп