Феврал 13, 2018 16:51 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Ҷаҳон ба ҷумҳурии исломии Эрон эътимоди комил дорад

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Ҷаҳон ба Эрон, инқилобу низоми ҷумҳурии исломӣ эътимоди комил дорад.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар Нишасти муштараки устондорон, вазирон, раисони созмонҳои иқтисодӣ ва мудирони муассисаҳои молӣ ва эътиборӣ гуфт: Агар низому ояндаи Эрон побарҷо набуд, беш аз 190 кишвари ҷаҳон рӯ дар рӯи Трамп намеистоданду ин истодагӣ нишонаи эътимоди ҷаҳон ба низоми ҷумҳурии исломӣ ва миллату давлати Эрон аст .

Рӯҳонӣ афзуд: Риски эътибории Эрон аз ҳафт дарсад ба панҷ дарсад коҳиш ёфта, ки ин нишон медиҳад, эътимоди ҷаҳонӣ ба ҷумҳурии исломии Эрон афзоиш ёфтааст .

Раисҷумҳури исломии Эрон ҳамчунин таблиғоти душманон алайҳи Эронро беасар донисту гуфт: Рушди иқтисодии Эрон аз марти 2017 то марти 2018 болотар аз мутавассити ҷаҳонӣ хоҳад буд .

Рӯҳонӣ аз ҳузури мардуми Эрон дар роҳпаймоии боазамати 22 баҳман (11 феврал) низ қадрдонӣ карду афзуд: Ваҳдати мардуми Эрон, омили пирӯзии инқилоби исломӣ буд ва то замоне, ки ин ваҳдат вуҷуд дошта бошад, ҳеч қудрати хориҷӣ коре аз пеш нахоҳад бурд .

 

 

Барчасп