Пайдо шудани аҷсоди сарнишинони ҳавопаймои мусофирбарии ATR
Раиси созмони имдоду наҷоти ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Эрон, аз пайдо шудани аҷсоди сарнишинони ҳавопаймоии ATR ширкати ҳавопаймоии Осмон дар иртифооти минтақа Денокӯҳ хабар дод.
Муртазо Салимӣ афзуд: Абзору васоили мавриди ниёз барои интиқоли пайкарҳо бо болгард барои гурӯҳҳои имдоду наҷот ирсол шудааст .
Алӣ Муҳаммади Аҳмадӣ, устондори Куҳкилуя ва Буираҳмад низ эълом кард: Талош мешавад то қабл аз ғуруб, теъдоде аз пайкарҳои сарнишинони ҳавопаймои суқуткардаи ATR мунтақил шавад .
Як фарванд ҳавопаймои ATR мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии “Осмон” якшанбе пас аз парвоз аз Фурӯдгоҳи Меҳрободи Теҳрон ва таи масири ба самти Ёсуҷ дар минтақа Денокуҳи Самирам суқут карду ҳамаи 66 сарнишини он ҷон бохтанд.