Феврал 21, 2018 22:27 Asia/Dushanbe
  • Раъйи Девони олии Амрико ба суди Эрон ва осори бостонии Ҳахоманишӣ

Девони олии Амрико ҳукм кард, шокиёни парвандае, ки Эронро ба терроризм муттаҳам кардаанд, наметавонанд ашёи бостонии Эронро дар музеи Чикаго мусодира кунанд.

Қозиҳои Девони олии Амрико бо ҳашт раъйи мувофиқ ва бидуни раъйи мухолиф дар ин парванда ба нафъи Эрон раъй доданд.

Шокиёни ин парванда қасди мусодираи маҷмуае аз осори ҳунарии Эронро доштанд, ки дар “Донишкадаи шарқшиносии донишгоҳи Чикаго” нигаҳдорӣ мешавад.  

Онҳо умедвор буданд, аз пули ҳосил аз ин мусодира барои дарёфти 71.5 миллион доллар ғаромат аз Эрон истифода кунанд.  

Шокиёни парванда, худро хонаводаи қурбониёни ҳамлаи интиҳории се узви Ҳамос, ки дар сентябри 1997 дар Байтулмуқаддас рӯй дод, муаррифӣ мекунанд.

Қавонини Амрико ҳаққи таъқиби қазоии давлатҳои хориҷӣ ва мусодира амволи онҳоро намедиҳад, магар онки кишвари мавриди назар дар феҳристи кишварҳои ҳомии терроризм қарор гирифта бошад.

Амрико Эронро дар феҳристи кишварҳои ҳомии терроризм қарор додааст.